Донишҷӯёне, ки ба хидмати ҳарбӣ мераванд аз пардохти маблағи шартнома озод мешаванд

Донишҷӯёне, ки бо хоҳиши худ барои хидмат ба сафи Артиш мераванд, дар назар аст, ки аз пардохти маблағи шартнома пурра ё 50 дарсад озод карда шаванд. Дар ин бора Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Тибқи иттилои ректор соли гузашта аз ДДХ беш аз 530 нафар донишҷӯ бо хоҳиши […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Донишҷӯёне, ки бо хоҳиши худ барои хидмат ба сафи Артиш мераванд, дар назар аст, ки аз пардохти маблағи шартнома пурра ё 50 дарсад озод карда шаванд. Дар ин бора Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Тибқи иттилои ректор соли гузашта аз ДДХ беш аз 530 нафар донишҷӯ бо хоҳиши худ ба хидмати ҳарбӣ рафтаанд.

“Пас аз баргаштан дар навбати аввал мо онҳоро дар курсе, ки таҳсил мекарданд, барқарор мекунем ва имконият медиҳаем, ки саривақт баҳоҳояшонро гиранд. Ҳозир мо нақша дорем ва агар он аз тарафи Шӯрои олимон қабул шавад, мехоҳем донишҷӯи ба хидмати ҳарбӣ рафтаро, агар тариқи шартномавӣ таҳсил кунад, аз пардохти маблағи шартнома пурра ё 50 дарсад озод кунем”, – афзуд Аюб Усмонзода.

Бояд зикр кард, ки ДДХ калонтарин муассисаи таълимии Тоҷикистон дар шимоли кишвар буда, дар он беш аз 24 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад. Наздики 50 дарсади донишҷӯён дар ин донишгоҳ ба таври шартномавӣ мехонанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Бо шурӯъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.

Мақомот ҳар сол аз набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Ҳамчунин, чанд соли охир мақомоти гуногуни кишвар барои ҷалби ҷавонон ба сафи артиш ҳар гуна имтиёзҳо, аз қабили додани замину курсҳои бозомӯзии ронандагӣ ва амсоли инро пешниҳод мекунанд, аммо ин маротибаи аввал аст, ки ректори яке аз бузургтарин донишгоҳҳои кишвар пешниҳод дорад, барои хидмати ҳарбӣ дар пардохти маблағи шартнома имтиёз пешниҳод карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.