Оқил Оқилов ба Кишинёв рафт

          Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дуввуми имрӯз нахуствазири мамлакат – Оқил Оқилов ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Кишинёв – пойтахти Ҷумҳурии Молдова сафар кард. Тавре ёвари нахуствазир Фирӯз Ҳикматов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар нишаст баррасии наздики 35 лоиҳаи аснод дар […]


          Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дуввуми имрӯз нахуствазири мамлакат – Оқил Оқилов ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Кишинёв – пойтахти Ҷумҳурии Молдова сафар кард.




Тавре ёвари нахуствазир Фирӯз Ҳикматов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар нишаст баррасии наздики 35 лоиҳаи аснод дар назар аст. Дар меҳвари мулоқот масъалаи Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020 қарор хоҳад дошт, ки он дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ моҳи октябри соли 2008 умуман маъқул шуморида шуда, барои қабули қарори ниҳоӣ бо дарназардошти пешниҳод ва тағйиру илова ба ҳукумати кишварҳо ирсол гардида буд. Маврид ба ёдоварист, ки масъалаи мазкур дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Иттиҳод, дар моҳи октябри соли ҷорӣ баррасӣ шуда буд. Он вақт ин санад аз тарафи сарони кишварҳои аъзо мавриди таъйид шуд ва барои баррасӣ ва қабули қарори ниҳоӣ дар бораи он ба раҳбарони ҳукуматҳо пешниҳод гардид.

 




Ба иттилои манбаъ, дар қатори асноди дигар инчунин ҷиҳати баррасӣ масъалаи муайян кардани самтҳои афзалиятноки ҳамкории кишварҳо дар бахши нақлиёт то соли 2020 низ пешниҳод хоҳад шуд.



Мувофиқи маълумоти хадамоти матбуоти ИДМ, иттиҳод дар миқёси ҷаҳон аз имконоту захираҳои назаррас бархӯрдор аст. Он 16,4 дарсади қаламрави ҷаҳонро ишғол карда, 4,4 дарсади сокинони сайёра дар қаламрави ин кишварҳо ба сар мебаранд. Ба кишварҳои узви иттиҳод 20 дарсади захоири нафт, 40 дарсади захоири газ, 25 дарсади захоири ангишт, 10 дарсади истеҳсоли нерӯи барқ, 25 дарсади захоири ҷангал, 11 дарсади захоири барқароршавандаи об ва 13 дарсади захоири заминҳои обии ҷаҳон рост меоянд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.