Хуҷанд: Модари кӯдаки ҷабрдида аз зарбаи барқ маблағи ҷубронро тақозо дорад

Хуҷанд. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Модари духтарчаи 8-сола, сокини шаҳри Хуҷанд Фароғат Масобирова тақозо дорад, ки бинобар маъюб шудани духтарчааш бар асари зарбаи нерӯи барқ гунаҳкорон маблағи ҷубронро пардохт намоянд. Моҳи апрел духтари ӯ – хонандаи синфи якум Сарвиноз ҳангоми бозӣ дар мактаб ба бинои зеристгоҳи трансформаторӣ даромада, он ҷо мавриди зарбаи барқ қарор […]

Хуҷанд. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Модари духтарчаи 8-сола, сокини шаҳри Хуҷанд Фароғат Масобирова тақозо дорад, ки бинобар маъюб шудани духтарчааш бар асари зарбаи нерӯи барқ гунаҳкорон маблағи ҷубронро пардохт намоянд.

Моҳи апрел духтари ӯ – хонандаи синфи якум Сарвиноз ҳангоми бозӣ дар мактаб ба бинои зеристгоҳи трансформаторӣ даромада, он ҷо мавриди зарбаи барқ қарор мегирад. «Ман дари кушодаро дидам, лекин фикр накардам, ки он панҷараи барқӣ аст ва ба дасти ман ноқили барқ расида, аз нерӯи барқ зарба гирифтам», – мегӯяд ӯ.

Мутахассисон бар ин назаранд, ки кӯдак таҳти зарбаи шиддати 10 ҳазор волт қарор гирифтааст. Модари Сарвиноз мегӯяд, ӯро пас аз ин ҳодиса фавран ба беморхона бурдаанд, ки он ҷо ӯ аз 15-уми апрел то 11-уми май бистарӣ будааст. Муддати чаҳор рӯзи аввал ӯ дар ҳолати хеле вазнин қарор дошта, табибонро лозим омадааст, ки дастони ӯро бибуранд. «Мақомоти прокуратураи шаҳри Хуҷанд аз рӯйи ин ҳодиса нисбати ду корманди шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ боз карда, айни замон тафтишот ва муқаррар кардани ашхоси гунаҳкор идома дорад», – мегӯяд модари Сарвиноз.

Ба қавли модари кӯдак, «шояд гунаҳкорон ҷазо гиранд, вале ба ман бештар ҷуброни молӣ зарур аст, зеро кӯдак бедаст буда, барои табобати ӯ маблағ зарур аст».

Худи Сарвиноз рӯҳафтода нест ва мегӯяд, ки «агар соҳиби дастҳои нав шавад», боз нияти мактаб рафтан дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.