Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба далели марги боздоштшуда дар тавқифгоҳи Вазорати адлия

Душанбе. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Нисбат ба далели марги боздоштшуда дар тавқифгоҳи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ба гуфтаи як манбаъи огаҳ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, ин ҷо сухан сари марги Исмоил Бачаҷонов меравад, ки қаблан маҳкум гардида, барои боздиди дубораи парвандаи ҷиноиаш дар тавқифгоҳ нигоҳ дошта мешуд. «Исмоил Бачаҷонови 32-сола […]

Парвина Ҳамидова

Душанбе. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Нисбат ба далели марги боздоштшуда дар тавқифгоҳи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ба гуфтаи як манбаъи огаҳ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, ин ҷо сухан сари марги Исмоил Бачаҷонов меравад, ки қаблан маҳкум гардида, барои боздиди дубораи парвандаи ҷиноиаш дар тавқифгоҳ нигоҳ дошта мешуд. «Исмоил Бачаҷонови 32-сола мутобиқи моддаи 200, қ.3 (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар) маҳкум гардида, замони ба вуқӯъ пайвастани ҳодиса ҷиҳати дубора боздиди парвандааш дар тавқифгоҳ қарор дошт», – гуфт манбаъ.

Гуфта мешавад, баъди чанде Бачаҷонов ба ҳалокат расидааст ва айни замон сабабҳои марги ӯро мақомоти тафтишот мавриди ҳаллу фасл қарор додаанд.

Прокуратураи генералӣ аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 110-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ба гумони даст доштан дар ин ҳодиса яке аз кормандони тавқифгоҳ боздошт шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.