Ширкати сарвари давлат дар ҳамоиши иқтисодии Тоҷикистону Люксембург

Душанбе. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли Палатаи савдои Люксембург Пиерре Граменга мулоқот намуд. Дар мулоқот роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи соҳибкорону тоҷирон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, баъди анҷоми мулоқот дар ҳузури […]

Душанбе. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли Палатаи савдои Люксембург Пиерре Граменга мулоқот намуд. Дар мулоқот роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи соҳибкорону тоҷирон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, баъди анҷоми мулоқот дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарони палатаҳои савдои Тоҷикистону Люксембург Шариф Саидов ва   Пиерре Граменга Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

Сипас дар бинои Палатаи савдои Люксембург Форуми  ҳамоиши иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Герсогии Бузурги Люксембург баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имконоти фарохи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаҳои сершумори барои сармоягузорӣ омодашударо шахсан муаррифӣ намуда, соҳибкорони бонуфузи Люксембургро ба ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи кишвари мо даъват намуд.

 Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ду сол боз пайи ҳам Тоҷикистон аз ҷониби муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои ислоҳотталаб ворид мешавад ва шумораи шарикони хориҷии тиҷоратии кишвар сол то сол рў ба афзоиш дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба беҳшавии фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии сармоягузорию соҳибкорӣ дар Тоҷикистон соҳибкорону сармоягузорони Люксембург – ин кишвари хурдакак, вале хеле пешрафтаи Аврупоро ба густариши ҳамкорӣ бо кишвари мо ташвиқ кард.

 Дар ҳамоиш ҳамчунин роҳбарони ширкатҳои дорои нуфузи ҷаҳонии Люксембург, ки дар соҳаҳои молия, бонкдорӣ, сармоягузорӣ, суғурта, саноат, сохтмон, нақлиёту боркашонӣ, роҳсозӣ ва бунёди нерўгоҳҳою истеҳсоли нерўи барқ фаъолияти босамар доранд, ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистони дорои захираҳои фаровони табиию инсонӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

 Тавре зикр гардид, беш аз 86% маҷмўи маҳсулоти дохилии Люксембург аз ҳисоби соҳаи хизматрасонӣ аст, зеро бо ҳаҷм ва сифати хизматрасонӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои молия, бонкдорӣ, суғурта ва сармоягузорӣ ин кишвар яке аз ҷойҳои аввалро дар ҷаҳон ишғол менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.