Иштироки Муҳиддини Кабирӣ дар кори Анҷумани Саодати Туркия

Душанбе. 119-уми июл. «Азия-Плюс» — | Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо даъвати ҳизби Саодати Туркия ба Анкара пойтахти ин кишвар сафар кард ва дар анҷумани он иштирок ва суханронӣ намуд. Тавре аз кароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, ин анҷуман баъд аз даргузашти раҳбари машҳури ин ҳизб яъне Наҷмиддин Арбакон аввалин анҷуман ва муҳим барои […]

Asia-Plus

Душанбе. 119-уми июл. «Азия-Плюс» — | Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо даъвати ҳизби Саодати Туркия ба Анкара пойтахти ин кишвар сафар кард ва дар анҷумани он иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре аз кароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, ин анҷуман баъд аз даргузашти раҳбари машҳури ин ҳизб яъне Наҷмиддин Арбакон аввалин анҷуман ва муҳим барои ҳаёти ин ҳизб ба шумор мерафт. Раиси ҷадиди ин ҳизб, доктор Мустафо Камалак интихоб шуд ва раёсати ин ҳизб низ дар анҷуман аз тарафи вакилон интихоб шуданд.

Раиси ҲНИТ зимни суханронии худ рис ва раёсати ҳизбро табрик намуд ва аз раҳбари фақиди ин ҳизб устод Арбакон ёдоварӣ намуд. Раиси ҲНИТ таъкид кард, ки рози муваффақияти ҳизби Саодат дар оянда, пайравӣ аз мактаб ва андешаи устод Арбакон хоҳад буд.

М . Кабирӣ дар идомаи суханони худ оғози марҳилаи ҷадидро барои ҳизби Саодат бисёр ҳассос ва муҳим арзёбӣ намуд ва таъкид кард, ки ваҳдат ва тафоҳум метавонад ҳизбро аз ин марҳила ба осонӣ берун барад. Вай аз таърихи ҲНИТ ва даргузашти Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ёдовар шуд ва таъкид намуд, ки танҳо ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии дохилӣ буд, ки моро ҳифз кард. Маҳз бо баракати ваҳдати дохилӣ ҲНИТ тавонист ин марҳилаи ҳассосро пушти сар бигзорад.

Дар охир раиси ҲНИТ раёсати ҳизби Саодатро барои ширкат дар анҷумани 9-уми Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки қарор аст 24 –уми сентябр баргузор гардад, даъват намуд

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.