ФБД: Собиқ роҳбари «Ист-Эйр» ҳавопаймоҳои ширкатро рабуд

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Мақомоти раҳбарии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе собиқ роҳбари ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» Владимир Куимовро дар рабудани ду ҳавопаймои ин ширкат гунаҳкор мешуморад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар доданд, ҳавопаймоҳои ширкат имрӯз мебоист бо хатсайрҳои Кӯлоб-Маскав ва Душанбе-Деҳли парвоз анҷом медоданд, вале ҳавопаймоҳо пас аз иҷрои […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Мақомоти раҳбарии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе собиқ роҳбари ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» Владимир Куимовро дар рабудани ду ҳавопаймои ин ширкат гунаҳкор мешуморад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар доданд, ҳавопаймоҳои ширкат имрӯз мебоист бо хатсайрҳои Кӯлоб-Маскав ва Душанбе-Деҳли парвоз анҷом медоданд, вале ҳавопаймоҳо пас аз иҷрои парвози нақшавӣ ба Маскав дигар ба Душанбе барнагаштаанд. «Мо маълумотеро дар даст дорем, ки онҳо ғайриқонунӣ ба Қирғизистон фиристода шудаанд», – гуфтанд дар фурудгоҳ.

Ба иттилои манбаъ, дар ғайриқонунӣ фиристодани ҳавопаймоҳои ширкати «Ист Эйр» ба Қирғизистон собиқ роҳбари ин ширкат Владимир Куимов даст дорад. «Ин амали ғайриқонунӣ аст ва шояд Куимов ба додгоҳ ҳам кашида шавад», – афзуд манбаъ.

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар ҳайати мақомоти раҳбарии ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» тағйирот ба вуқӯъ пайваст. Мансаби иҷрокунандаи вазифаи директори ҶСП «Ист Эйр» Владимир Куимовро Фирдавс Мухторов ишғол намуд. Ин таъиноти нав боиси норозигии роҳбари пешин гардид.

Ба гуфтаи В. Куимов, ки бинобар вазъи нохуби саломатиаш муддати чанде дар хориҷи кишвар аст, мақомоти раҳбарии фурудгоҳи Душанбе ба дафтари кории ширкати «Ист Эйр» бидуни огаҳии директори генералии он ворид гардида, ӯро аз мансаб сабукдӯш ва Фирдавс Мухторовро раҳбари ширкат таъин кардааст. «Ин ғасби рейдерӣ аст. Айни замон мо ба ширкат адвокатҳои худро фиристодем, то ки аз ҳуқуқҳоямон дифоъ кунанд», – изҳор кард ба ОИ «Азия-Плюс» Куимов.

Дар навбати худ, раҳбари тозатаъини ширкат Фирдавс Мухторов мегӯяд, ин ҷо ҳеҷ ғасби рейдерӣ ҷой надошта, мутобиқи моддаи 54-и Кодекси ҳавопаймоии Тоҷикистон танҳо шаҳрванди Тоҷикистон роҳбари ширкати ҳавопаймоӣ буда метавонад. «Владимир Куимов шаҳрванди Тоҷикистон нест ва дар муддати се сол ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи директори ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» ифои вазифа мекард. Иштирокчие, ки молики 51 дарсади саҳмияи ширкат аст, тасмим гирифт, ки маро директори ширкат таъин намояд», – гуфт Ф.Мухторов.

 

Ба қавли Мухторов, дарвоқеъ он замон Владимир Куимов ҳузур надошт ва расман ваколатҳои иҷрокунандаи вазифаи директори генералии ширкатро ба Станислав Янчук супурда буд, ки дар ҳузури ӯ маросими таъини директори нави ширкат доир гардид. «Он ҷо ҳамчунин ноиби президенти ширкат – молики ҳавопаймоҳои «Исток Авиа FZE» Пётр Иванник низ ҳузур дошт», – афзуд номбурда.

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба қазияи мазкур моликони ҳавопаймоҳо парвози ҳавопаймо бо хатсайрҳои самти Кӯлоб-Маскав ва Кӯлоб-Санкт-Петербургро боздоштанд. Парвози ҳавопаймоҳо бо ин хатсаййрҳоро ширкати «Ист-Эйр» анҷом медиҳад. Парвози ҳавопаймо ба Ню-Дели (Ҳиндустон) дар таърихи 19-уми июл низ то ҳол норӯшан аст.

Ширкати ҳавопаймоии «Ист-Эйр» моҳи сентябри соли 2007 ба фаъолият шурӯъ карда, парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Ню-Делиро анҷом медиҳад. Барои таъмини парвози ҳавопаймоҳо ширкати «Ист Эйр» дар асоси лизинг ҳавопаймоҳои ширкати «Исток Авиа FZE»-ро истифода мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.