Дар Ваҳдат тифлфурӯшон маҳкум шуданд

Ваҳдат. 19-уми июл. «Азия-Плюс» – | Дар шаҳри Ваҳдат, ки дар 20 километрии шаҳри Душанбе воқеъ аст, якчанд нафар ба иттиҳоми харидуфурӯши кӯдакон маҳкум шуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз прокуратураи шаҳри Ваҳдат хабар доданд. Дар ҳодисаи аввал Мория Бобиева моҳи сентябри соли 2010 дар таваллудхонаи шаҳри Ваҳдат фарзанд ба дунё оварда, аз […]

Нуриддини Амриддин

Ваҳдат. 19-уми июл. «Азия-Плюс» – | Дар шаҳри Ваҳдат, ки дар 20 километрии шаҳри Душанбе воқеъ аст, якчанд нафар ба иттиҳоми харидуфурӯши кӯдакон маҳкум шуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз прокуратураи шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Дар ҳодисаи аввал Мория Бобиева моҳи сентябри соли 2010 дар таваллудхонаи шаҳри Ваҳдат фарзанд ба дунё оварда, аз сабаби он ки шароити нигоҳубини кӯдакро надошт, роҳи аз ӯ халос шуданро ҷустуҷӯ кард. Бобиева дар натиҷаи маслиҳати пешакӣ бо ҳампалатааш Ашурбӣ Мачитиева, фарзандашро ба хешовандони номбурда Х.Пирова ва Г.Забиров ба маблағи 400 доллари ИМА фурӯхт.

Сарвиноз Қосимова бошад, зодаи шаҳри Душанбе буда, дар шаҳри Ваҳдат хонаи иҷора дошт. Вай аз муносибати ғайримашрӯъ бо марди бегона ҳомиладор гардида, 26-уми декабри соли 2010 дар таваллудхонаи шаҳри Ваҳдат духтар таваллуд кардааст. Сарвиноз бо мақсади фурӯхтани тифли навзодаш бо ҳамсарон Султонмурод ва Матлуба Азиммуродовҳо забон як карда, 29-уми декабр кӯдакро ба ивази хизматона ва як миқдор маблағ фурӯхтааст.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Ваҳдат Насрулло Каримов иттилоъ дод, ҳамаи шахсони ба ин ҷиноятҳо дахлдошта бо ҳукми суди шаҳри Ваҳдат ҷазо гирифтанд. Мория Бобиева ба ҷазои 8 сол маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардида, дар асоси моддаи 71 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Шартан татбиқ накардани ҷазо) барои ӯ 5 сол мӯҳлати санҷиш муқаррар гардид.

Нисбат ба Султонмурод Азиммуродов бошад, дар асоси моддаи 63 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Таъини ҷазои сабуктар нисбат ба ҷазое, ки барои ин ҷиноят пешбинӣ шудааст) 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда шуд. Ҳамзамон нисбат ба Матлуба Азиммуродова ва Сарвиноз Қосимова мутобиқи моддаи 63 Кодекси ҷиноятии ҶТ ҷазои 5 сол маҳрумият аз озодӣ таъин гардид. Вале дар асоси моддаи 71 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Шартан татбиқ накардани ҷазо) ба онҳо низ 5 сол мӯҳлати санҷиш муқаррар карда шудааст.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.