Cокини Табошар барои куштани бародараш ба 19 соли зиндон маҳкум гардид

Додгоҳи вилояти Суғд сокини 36-солаи шаҳри Табошари вилояти Суғд Икром Ортиқовро барои куштани бародараш ба 19 соли зиндон маҳкум кард. Ба гуфтаи раиси мурофиаи додгоҳии мзкур додрас Ҷӯрабек Шеров, моҳи апрели соли равон Икром Ортиқов ба хона омада, шоҳиди он мегардад, ки бародараш Илҳом Ортиқов дар ҳолати мастӣ бо падари маъюбаш ҷанҷол дорад. Ӯ аз […]


Додгоҳи вилояти Суғд сокини 36-солаи шаҳри Табошари вилояти Суғд Икром Ортиқовро барои куштани бародараш ба 19 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гуфтаи раиси мурофиаи додгоҳии мзкур додрас Ҷӯрабек Шеров, моҳи апрели соли равон Икром Ортиқов ба хона омада, шоҳиди он мегардад, ки бародараш Илҳом Ортиқов дар ҳолати мастӣ бо падари маъюбаш ҷанҷол дорад. Ӯ аз бародараш хоҳиш мекунад, ки падари маъюбашро ба ҳоли худ гузорад, вале Илҳом ба ғазаб омада, бо ӯ муноқишаро оғоз менамояд ва бо корд ба Икром таҳдид мекунад. Ҳангоми афтударафт Икром кордро аз дасти бародараш гирифта, бо он ба шикам ва тахтапушти Илҳом якчанд зарба мезанад, ки дар натиҷа бародараш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Икром Ортиқов мӯҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо мекунад.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 19 ҳодисаи куштор (ҳамин давраи соли гузашта – 26 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.