Раиси Маҷлиси миллӣ ҳайати коммунистони Чинро ба ҳузур пазируфт

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати бонуфузи Ҳизби коммунисти Хитойро таҳти роҳбарии ҷаноби Чжоу Юнкан – узви Кумитаи доимии Шӯрои сиёсӣ ва котиби Кумита оид ба масоили сиёсӣ ва ҳуқуқии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Хитой, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташиф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари […]


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати бонуфузи Ҳизби коммунисти Хитойро таҳти роҳбарии ҷаноби Чжоу Юнкан – узви Кумитаи доимии Шӯрои сиёсӣ ва котиби Кумита оид ба масоили сиёсӣ ва ҳуқуқии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Хитой, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташиф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси миллӣ Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати меҳмононро шодбош гуфта, таъкид ва изҳори боварӣ намуд, ки бо ташрифи эшон барои тавсеаи сатҳи ҳамкориҳои дӯстонаву гуногунҷабҳа дар ҳама самтҳои мутақобилан судманд, ки аз умқи қарнҳо сарчашма мегиранд, тақвияти тоза хоҳад бахшид.

«Таъкид гардид, ки мададҳои техникӣ ва интиқолу азхудкунии инвеститсияҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соҳаҳои нақлиёт, телекоммуникатсия, сохтмони роҳҳою туннелҳо ва хатҳои баландшиддати барқӣ гувоҳи равшани муносиботи ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкориҳо мебошанд», – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, дар ин радиф баҳри тавсеаи ҳамкориҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати потенсиали Ҳизби коммунисти Хитой пешниҳод намуд, ки густариши муносибатҳо бо татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, аграрию гуманитарӣ мувофиқ ба мақсад буда, вусъати амалисозии барномаҳои нав ба манфиати ҷонибҳост.

Зикр гардид, ки ҷаноби Чжоу Юнкан аз ин пазироӣ ва мӯҳтавои сӯҳбат изҳори сипосмандӣ намуда, аз номи раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитойии намояндагони Халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби У Банго паёми шодбошӣ расонида, зикр сохт, ки кишвараш барои беш аз ҳарвақта бо мамлакати дӯсту ҳамсоя тақвият бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд манфиатдор аст. Барои такмили он дар асоси эҳтироми арзишҳои ҳамсоягӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ нақши парламентҳоро муассир арзёбӣ карда, таъкид сохт, ки барои густурдагии муносибатҳо, аз ҷумла нахустин сафари расмии дар фарҷоми соли 2008 анҷомдодаи раиси Маҷлиси миллӣ нақши муассир гузоштааст ва он ҷониб ба шахсияти мавсуф чун ходими бузурги сиёсӣ ва хоҷагидори беназир эҳтиром доранд.

Дар фарҷоми мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо қаноатмандӣ аз тасмимоти ҳосилшуда дар густариши ҳамкориҳо паёми хешро ба ҳамтои худ раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитойии намояндагони Халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби У Банго баён дошта, таъкид намуд, ки парламентҳои ҳар ду кишвар баҳри вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои пурсамари мутақобилан судманд миёни мамлакатҳоямон минбаъд низ саҳми арзанда хоҳанд гузошт. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.