Кӯмаки бебозгашти техникии Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми ҳудуди 19 млн. $

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати ҳукуматӣ-ҳизбии Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки бо сарварии намояндаи воломақоми мақомоти марказии ин кишвар Чжоу Юнкан ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин, нахуст дар мулоқоти хосаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Узви Кумитаи […]


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати ҳукуматӣ-ҳизбии Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки бо сарварии намояндаи воломақоми мақомоти марказии ин кишвар Чжоу Юнкан ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин, нахуст дар мулоқоти хосаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Узви Кумитаи доимии Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии ҳизби коммунистии Чин, Котиби Кумита оид ба масоили сиёсӣ ва ҳуқуқӣ Чжоу Юнкан ва сипас дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар баррасӣ шуд.

 Таваҷҷуҳи асосӣ ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, роҳсозӣ, саноат, кишоварзӣ ва  амнияту мудофиа зоҳир гардид.

 Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин  яке аз кишварҳои пешсаф дар умури сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон буда, дар  ҳамкорӣ бо ширкатҳои бузурги он беш аз 50 лоиҳаи калонҳаҷми дорои аҳамияти умумидавлатӣ ва минтақавӣ амалӣ мегарданд.

 Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла бо ҷалби имконоти васеи минтақаи фарохи Ноҳияи Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин таъкид намуданд.

 Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, минбаъд ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ беш аз пештара рушд хоҳад ёфт.

 Ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои амнияту мудофиа, аз ҷумла барои расондани кўмакҳои техникӣ  ва омода кардани кадрҳои ин соҳаҳо ҳавасмандии зиёд зоҳир карда шуд.

 Баъди анҷоми музокироти дуҷониба дар ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

 – Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

 – Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ – техникӣ;

 – Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ.

 Тибқи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ – техникӣ ба  Тоҷикистон дар ҳаҷми 120 миллион юан (18,76 млн. $) кўмаки бебозгашти техникӣ расонда мешавад.

Хотиррасон бояд намуд, ки ба ҳайати сершумори Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндагони воломақоми Кумитаи Марказии ҳизби коммунистӣ ва Шўрои давлатии Чин, Вазири амнияти давлатӣ, Вазири кишоварзӣ, Муовини вазири корҳои хориҷӣ, Муовини вазири амнияти ҷамъиятӣ, Муовини вазири савдо, Котиби Кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғур ва дигар шахсиятҳои баландпояи давлатӣ шомиланд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.