Боздошти аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи қирғиз дар Душанбе

Зимни як амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Қирғизистон дар қаламрави шаҳри Душанбе се нафар шаҳрвандони қирғиз, ки ба гумони қатли собиқ роҳбари маъмурияти президенти Қирғизистон Медет Содирқулов таҳти пайгарди қонунии байнулмилалӣ қарор доштанд, боздошт шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни амалиёти кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории […]

Наргис Ҳамробоева


Зимни як амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Қирғизистон дар қаламрави шаҳри Душанбе се нафар шаҳрвандони қирғиз, ки ба гумони қатли собиқ роҳбари маъмурияти президенти Қирғизистон Медет Содирқулов таҳти пайгарди қонунии байнулмилалӣ қарор доштанд, боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни амалиёти кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ду кишвар Қодирбек Досонови 40-сола бо лақаби «Ҷинго», Чингиз Ҷумъагулови 30-сола ва Мирлан Шоқулиеви 25-сола дастгир шудаанд.

«Ҳамаи онҳо дар як бинои таҳхона дар қаламрави ноҳияи Сино пинҳон шуда буданд», – гуфтанд дар вазорат.

Гуфта мешавад, боздоштшудагон пас аз содир намудани ҷиноят дар қаламрави Аморати Муттаҳидаи Араб паноҳ бурдаанд. Сипас тавассути Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд. Айни замон ҷиҳати боздошти аъзои дигари гурӯҳи ҷиноятпеша чораҳои иловагӣ андешида мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон аз ҳамтоҳои тоҷики худ дархости истирдоди онҳоро кардааст ва айни замон ин масъала мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Собиқ роҳбари маъмурияти президенти Қирғизистон Медет Содирқулов рӯзи 13-уми марти соли 2009 дар яке аз минтақаҳои наздики шаҳри Бишкек кушта шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.