Дастаи «Истиқлол» озими Тайбэйи Чин шуд

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҷиҳати иштирок дар даври ниҳоии мусобиқоти Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё озими шаҳри Тайбэйи Чин (Тайван) шуд. Ин мусобиқот аз 19 то 25-уми сентябр дар шаҳри Гаосин баргузор мешаванд. Дастаи Тоҷикистон аз 18 футболбоз иборат аст. Дастаи «Истиқлол» дар гурӯҳи «А» ҳунарнамоӣ мекунад. Ба ин гурӯҳ ҳамчунин дастаҳои «Тайван Пауэр […]

Аваз Юлдошев


Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҷиҳати иштирок дар даври ниҳоии мусобиқоти Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё озими шаҳри Тайбэйи Чин (Тайван) шуд.

Ин мусобиқот аз 19 то 25-уми сентябр дар шаҳри Гаосин баргузор мешаванд. Дастаи Тоҷикистон аз 18 футболбоз иборат аст.

Дастаи «Истиқлол» дар гурӯҳи «А» ҳунарнамоӣ мекунад. Ба ин гурӯҳ ҳамчунин дастаҳои «Тайван Пауэр Компани (Тайбэйи Чин) ва «Балкан» (Туркманистон) шомил мебошанд. Вохӯрии аввалро футболбозони тоҷик рӯзи 19-уми сентябр бо дастаи мизбон ва 21-уми сентябр бо дастаи «Балкан» мегузаронанд.

Дар гурӯҳи «В» дастаҳои «Нефтчӣ» (Қирғизистон), «Яданарбон» (Мянма) ва «Пномпен» (Камбоҷа) ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ғолибони гурӯҳҳо рӯзи 25-уми сентябр дар вохӯрии ниҳоӣ қувваозмоӣ менамоянд. Дастаи пирӯз бо 50 ҳазор ва иштирокчии дигари вохӯрии ниҳоӣ бо 25 ҳазор доллари ИМА сарфароз гардонида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.