Халабони рус дар бораи қазияи маҳбусӣ дар Тоҷикистон

Халабони русиягии ҳавопаймои ширкати «Rolkan» Владимир Садовничий, ки бо ҳукми мақомоти додгоҳии Тоҷикистон аз толори додгоҳ озод карда шуд, изҳор кардааст, ки хадамоти махсуси Тоҷикистон онҳоро моил сохтаанд, ки ҷиҳати кумак ба дипломатҳои рус муроҷиат накунанд. Садовничий дар Маскав гуфтааст, зимни боздошт дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз ӯ пурсидаанд, ки оё […]


Халабони русиягии ҳавопаймои ширкати «Rolkan» Владимир Садовничий, ки бо ҳукми мақомоти додгоҳии Тоҷикистон аз толори додгоҳ озод карда шуд, изҳор кардааст, ки хадамоти махсуси Тоҷикистон онҳоро моил сохтаанд, ки ҷиҳати кумак ба дипломатҳои рус муроҷиат накунанд.

Садовничий дар Маскав гуфтааст, зимни боздошт дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз ӯ пурсидаанд, ки оё ӯ дар артиши Афғонистон кор намекунад. Ҷунин суолу пурсишҳо нисбати ҳамтои эстонии ӯ Алексей Руденко низ сурат гирифтаанд.

Ба қавли Садовничий, пас аз боздошти ҳайат, онҳоро ба меҳмонхона бурда, дархост кардаанд, ки дар ин хусус сарусадо баланд накунанд.

Ба гуфтаи халабони рус, онҳоро барои он ҳабс кардаанд, ки ду хавопаймои Ан-72-ро соҳиб шаванд, зеро ин навъи ҳавопаймоҳо барои шароити Тоҷикистон хеле мусоид аст. Ҳамин тариқ, халабони рус, ангезаи сиёсӣ доштани қазияи мазкурро рад кард.

Қаблан дар мусоҳиба ба «Газета.ру» Садовничий изҳор кард, ки аз директори генералии ширкати «Rolkan» Сергей Полуянов талаб кардаанд, ки ҳавопаймоҳоро тариқи фурӯш ба як рубл ё ҳамчун тӯҳфа супорад ва дар ин сурат халабонҳо озод карда мешаванд.

Аммо Полуянов ба ин муомилот розӣ нашудааст ва аз ин рӯ, дигар ҳайати ҳавопаймоҳо пас аз ду моҳ ҷавоб дода шуда, ду нафар роҳбарони ҳавопаймоҳо муддати нӯҳ моҳ дар боздоштгоҳи шаҳои Қӯрғонтеппа ба сар бурданд.

Дар мусоҳиба ба газетаи «Известия» Садовничий гуфтааст, «намояндагони хадамоти махсуси Тоҷикистон ба онҳо гуфтаанд, ки нисбат ба онҳо ҳеҷ норозигие надоранд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.