Таҷлили ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ дар Суғд

Дар маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ мутантан таҷлил гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ба муносибати солгарди ин рӯзи пуршукӯҳ ва барои кулли тоҷикистониён муқаддас имрӯз дар шаҳри Хуҷанд – маркази маъмурии вилояти Суғд намоиши идона баргузор гардид. Ба иттилои манбаъ, 10 ҳазор нафар иштирокчиёни […]


Дар маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ мутантан таҷлил гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ба муносибати солгарди ин рӯзи пуршукӯҳ ва барои кулли тоҷикистониён муқаддас имрӯз дар шаҳри Хуҷанд – маркази маъмурии вилояти Суғд намоиши идона баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, 10 ҳазор нафар иштирокчиёни намоиши идона Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври «зинда» хонданд.

Раиси вилояти Суғд муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сокинони вилоят ва кулли ҳамдиёронро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрику шодбошиҳо гуфт.

Аз назди минбари идона ороёфтаи рӯ ба рӯи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳайати шахсии ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбии гарнизони Суғд бо қадаммонии низомӣ гузаштанд.

Парчами 250 – метраи Ҷумҳурии Тоҷикистонро садҳо ҷавонон алвонҷ дода, аз назди минбар роҳпаймоӣ карданд.

Дар толору муассисаҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои идона ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ барпо шуданд.

Парчами давлатӣ қатори Нишони давлатӣ ва Суруди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҷаҳониён эҳёи сохти конститутсионии кишвари тозаистиқлоли тоҷиконро эълом дошт, тасдиқ ва қабул гардида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.