Зери тарма мондани як гурӯҳи коргарони ширкати IRS

Обу ҳавои номусоиди рўзҳои охир ва хавфи тармафароӣ ҳаракати нақлиёт дар қитъаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак аз километри 43-юм то 169-ум аз ҷониби Бозрасии Давлатии Автомобилӣ муваққатан манъ карда шудааст. Тавре аз филиали ширкати IRS, ки ба хизматгузории роҳи мазкур машғул аст,хабар доданд, ҳолати мазкур боиси ҷамъ шудани теъдоди зиёди воситаҳои нақлиёт дар мавзеи Ҳушёрӣ гардид. […]


Обу ҳавои номусоиди рўзҳои охир ва хавфи тармафароӣ ҳаракати нақлиёт дар қитъаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак аз километри 43-юм то 169-ум аз ҷониби Бозрасии Давлатии Автомобилӣ муваққатан манъ карда шудааст.

Тавре аз филиали ширкати IRS, ки ба хизматгузории роҳи мазкур машғул аст,хабар доданд, ҳолати мазкур боиси ҷамъ шудани теъдоди зиёди воситаҳои нақлиёт дар мавзеи Ҳушёрӣ гардид. Барои ронандагон ва мусофирони нақлиёти онҳо аз ҷониби Филиали IRS ғизо ташкилу тақсим карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, корҳои тарматозакунӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак идома доранд. Ба шароити номусоиди обу ҳаво нигоҳ накарда, коргарони роҳ бо ҷалби техника барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва ҳарчи зудтар кушодани роҳ тамоми кўшиши худро ба харҷ дода истодаанд.

Ҳамзамон иттилоъ расид, ки як гурўҳи коргарон таҳти роҳбарии сармуҳандиси минтақаи Варзоб зери тарма мондаанд. Ба аксари коргарон муяссар шуд, ки ҷон ба саломат баранд, ба истиснои сармуҳандис ва як коргари дигар, ки чанд муддат зери тарма монданд. Онҳо низ бо кўмаки кормандони ширкат наҷот дода шуда, ба касалхонаи наздиктарин интиқол дода шуданд.

То соати 17:00, дар қитъаи роҳ аз километри 42-юм то 73-юм дар як рўз фаромадани зиёда аз 73 тармаи хурду бузург ба қайд гирифта шудааст. Барои бартарафсозии оқибатҳои тармафароӣ техникаи Филиал, аз қабили боркунакҳои фронталӣ, автогрейдерҳо ва мошини гуногункора ҷалб гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.