Тоҷикистон Ӯзбекистонро гунаҳкор мешуморад

Дар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия дар робита ба муносибатҳои кунунии Тоҷикистону Ӯзбекистон як изҳорот нашр шуд. Дар он гуфта мешавад, мақомоти раҳбарии Ӯзбекистон бо истифода аз фишорҳои гуногун мақомоти Тоҷикистонро маҷбур карданист, ки қарорҳои барои он мақбулро қабул намояд. «Қатъи ҳаракати қатораҳо тавассути қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг, иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба интиқоли газ […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия дар робита ба муносибатҳои кунунии Тоҷикистону Ӯзбекистон як изҳорот нашр шуд.

Дар он гуфта мешавад, мақомоти раҳбарии Ӯзбекистон бо истифода аз фишорҳои гуногун мақомоти Тоҷикистонро маҷбур карданист, ки қарорҳои барои он мақбулро қабул намояд.

«Қатъи ҳаракати қатораҳо тавассути қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг, иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба интиқоли газ ба Тоҷикистон, розӣ нашудан ба интиқоли барқ аз Туркманистон тавассути қаламрави худ, изҳори норозигӣ ба анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун, эълони ҷанги иттилоотӣ бо Корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) бо баҳонаи ҳифзи муҳити зист, дархости ба моликияти Ӯзбекистон табдил додани обанбори Фарҳод бо қаламраваш, то ба ҳол аз минаҳо поккорӣ накардани 54 қитъаи марзҳои муштарак ва ғайра аз ҷумлаи мушкилоти миёни кишварҳост», – омадааст дар изҳорот.

Дар изҳороти сафорат зикр мегардад, ки амалҳои якҷонибаи ҳукуматдорони Ӯзбекистон аслан муҳосираи иқтисодии эълоннашуда ба Тоҷикистонро ифода мекунанд, ки ба муташанниҷ шудани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудаанд.

«Боқӣ мондани чунин вазъ ба минбаъд бад шудани вазъи аҳолии Тоҷикистон ва таҳдиди рӯйи кор омадани фалокати гуманитарӣ боис шуда метавонад», – хулоса мешавад дар изҳорот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.