Президент: Захираҳои обии мо барои тамоми кишварҳои минтақа кофист

Замоне, ки дар манотиқи дигари сайёра кишварҳо баҳри ҳалли мушкилоти пайдошуда бо ҳам муттаҳид мешаванд, давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баръакс аз ҳамдигар торафт дур мешаванд, – гуфт зимни ироаи паёми ҳамасола ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. «Мо ба ивази муштаракан ҳал кардани мушкилот, ба гусастани робитаҳо дар минтақаи худ машғулем», – изҳор кард президенти […]


Замоне, ки дар манотиқи дигари сайёра кишварҳо баҳри ҳалли мушкилоти пайдошуда бо ҳам муттаҳид мешаванд, давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баръакс аз ҳамдигар торафт дур мешаванд, – гуфт зимни ироаи паёми ҳамасола ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

«Мо ба ивази муштаракан ҳал кардани мушкилот, ба гусастани робитаҳо дар минтақаи худ машғулем», – изҳор кард президенти ҶТ.

Ба гуфтаи ӯ, ахиран сарусадову моҷаро асосан сари масъалаи захоири обиву энергетикӣ авҷ гирифтаанд. «Дар Тоҷикистон беш аз 60%-и захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд, – таъкид кард президент. – Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ барои ҳамсоякишварҳо дар мавриди дастрасӣ ба захираҳои обӣ мушкиле эҷод накардааст ва минбаъд низ ба ин амал даст заданӣ нест. Захираҳои обии мо барои ҳамаи кишварҳои минтақа кофист».

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки тамоми лоиҳаҳои минбаъд дар Тоҷикистон амалишаванда бо назардошти манфиатҳои кишварҳои минтақа татбиқ хоҳанд шуд. «Масалан, агар мо нерӯгоҳҳои барқиву обӣ бунёд кунем, онҳо минбаъд дар баробари Тоҷикистон дигар кишварҳоро низ бо нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаву бехатар таъмин хоҳанд кард», – иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки имрӯз дар Афғонистону Покистон ба чунин энергия ниёз доранд.

«Агар ба таҳлили вазъи иқтисодии минтақа назар андозем, метавон ба хулоса расид, ки дар сурати истифодаи умумии имконот ва иқтидорҳои мавҷудаи минтақа, онҳо натанҳо барои таъмини талаботи кишварҳои худи минтақа, балки барои афзудани ҳаҷми содироти он низ басандаанд», – афзуд сарвари давлат.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.