Таъмини робитаи мустақими корбарони Интернет бо сарвари давлат

Сомонаи интернетии президенти Тоҷикистон бо суроғаи «president.tj», ки аз соли 2005 ба ин сӯ фаъол аст, дар таҳияи нав ба шабакаи ҷаҳонӣ пешкаш шуд . Бино ба маълумоти хадамоти матбуотии сарвари давлат, сомонаи нави «president.tj» бо ҷалби беҳтарин барномасозони ватанӣ таҳия шуда, аз шакли пешинаи худ бо тарҳу намои зебою замонавӣ, навтарин барномаҳои сомонасозӣ, имкони […]

ASIA-Plus


Сомонаи интернетии президенти Тоҷикистон бо суроғаи «president.tj», ки аз соли 2005 ба ин сӯ фаъол аст, дар таҳияи нав ба шабакаи ҷаҳонӣ пешкаш шуд

.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуотии сарвари давлат, сомонаи нави «president.tj» бо ҷалби беҳтарин барномасозони ватанӣ таҳия шуда, аз шакли пешинаи худ бо тарҳу намои зебою замонавӣ, навтарин барномаҳои сомонасозӣ, имкони ҷустуҷӯ ва зуд дарёфт кардани маводи зарурӣ бо тариқи автоматӣ ва дигар имконоти муосир фарқ мекунад.

Тамоми мавод бо фаврияти баланд бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар сомона ҷойгир карда мешавад.

Барои осон ва содда намудани дарёфти маводи зарурӣ сомонаи нави интернетии президенти Тоҷикистон ба бахшҳои гуногун, аз ҷумла Хабарҳо, Вохӯриҳо, Суханрониҳо, Сафарҳои дохилӣ, Сафарҳои хориҷӣ, Фармонҳо, Паёмҳо, Барқияҳо, Сӯҳбатҳои телефонӣ, Аксҳо, Истиқлолият, Конститутсия, Савганд, Ваҳдати миллӣ, Паём, Мулоқот бо зиёиён, Наврӯз, Иди модарон, Иди Рамазон, Иди Қурбон ва ғайра гурӯҳбандӣ шудааст. Ҷустӯҷӯи амру фармонҳои Президент ва қарору фармоишҳои Ҳукумат аз рӯйи сана ё рақам роҳандозӣ мешавад.

Дар муқоиса бо сомонаи пешина дар тарҳи нав гӯшаи «Нома ба президент» ҷой дода шудааст, ки аз бахшҳои муҳими сомонаи нав буда, робитаи бевосита ва мустақими корбарони шабакаи Интернет бо сарвари давлатро таъмин менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.