Коҳиши истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон

Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон ба андозаи 2% коҳиш ёфта, 272,5 ҳазор тонна ё худ 97,9%-и нақшаро ташкил дод. Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки коҳиши ҳаҷми истеҳсоли ин металл ба мушкилоти таъмини корхона бо сӯзишворӣ – гази табиӣ марбут аст. […]


Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон ба андозаи 2% коҳиш ёфта, 272,5 ҳазор тонна ё худ 97,9%-и нақшаро ташкил дод.

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки коҳиши ҳаҷми истеҳсоли ин металл ба мушкилоти таъмини корхона бо сӯзишворӣ – гази табиӣ марбут аст.

«Вақте интиқоли газро босуръат коҳиш доданд, ТАЛКО ба истифодаи дигар навъи сӯзишворӣ гузашт ва ҳамаи ин ба истеҳсолот бетаъсир буда наметавонист. Айни замон дар ин корхона чор оташдон мавриди амал қарор дошта, боз оташдонҳоро ба кор дароварданианд ва фикр мекунам, ки имсол ҳаҷми истеҳсолро коҳиш нахоҳанд дод», – зикр кард ӯ, вале аз нақшаи истеҳсоли алюминий дар соли 2013 муушаххасан чизе нагуфт.

Вазир иброз дошт, ки дар таркиби содироти маҳсулот ҳиссаи алюминий аз 54,6%-и соли 2011 то ба 39,5% дар соли 2012 поин рафта, ин ба болоравии назарраси ҳиссаи маҳсулоти кишоварзӣ дар содирот нисбат дода шуд.

Дар робита ба

таҷдиди сохтори Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО)

муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умеди Давлатзод изҳор кард, ки тақсимшавии ширкат марҳила ба марҳила сурат гирифта, ин ҷо сухан сари тақсимоти истеҳсолоти ғайрисоҳавӣ меравад.

«Сохторҳои ҷудошудаи ширкати ТАЛКО бояд ба худкифоӣ ва худистеҳсолкунӣ гузаранд. Ҳадаф аз таҷдиди сохтори ширкат – муайян кардани самтҳои осебпазир аст, ки ширкатро аз рушд бозмедоранд», – иброз дошт вай.

Дар ҳамин ҳол, Раҳимзода ба таҷдиди сохтори ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» баҳои мусбат дода, иқрор шуд, ки ба худи ширкати ҳавопаймоӣ қарзҳои зиёд боқӣ монда, айни замон вазъаш он қадр қаноатбахш нест.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.