«Барқи тоҷик»: Қатъи лимити барқ ба обуҳаво вобаста аст

Зимни нишасти хабарӣ раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров изҳор намуд, ки бекор шудани лимити истифодаи барқ дар ҷумҳурӣ ба сатҳи маҷрои дарёи Вахш вобаста аст. Ёров зикр кард, ки нисбат ба соли гузашта имсол вазъ беҳтар буда, айни замон захираи об дар обанбори Норак аз «нишондиҳадаи ниҳоӣ» 25 метр, яъне 1,84 метр баландтар нисбат […]


Зимни нишасти хабарӣ раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров изҳор намуд, ки бекор шудани лимити истифодаи барқ дар ҷумҳурӣ ба сатҳи маҷрои дарёи Вахш вобаста аст.

Ёров зикр кард, ки нисбат ба соли гузашта имсол вазъ беҳтар буда, айни замон захираи об дар обанбори Норак аз «нишондиҳадаи ниҳоӣ» 25 метр, яъне 1,84 метр баландтар нисбат ба соли гузашта аст. «Ин маънои онро дорад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта айни замон мо тахминан 150 млн. кВт/соат зиёдтар нерӯи барқ дорем», – иброз дошт вай.

Ба қавли раиси ширкат, захираҳои об дар нерӯгоҳи Норак тавре истифода мегарданд, ки ногаҳон ҳолати ғайримунтазира дучор наояд ва гузаштан аз давраи тирамоҳу зимистон ба давраи баҳору тобистон бе мушкилӣ сурат гирад. «Тибқи мушоҳидаҳои чандинсола, ҳамасола 10-уми апрел сатҳи оби обанбори Норак ба нишондиҳандаи зарурӣ расида, пас аз ин ҷумҳурӣ пурра бо нерӯи барқ таъмин карда мешавад», – гуфт Ёров.

А.Ёров зикр кард, ки ба ҳар ҳол, ҳамааш ба обуҳаво вобаста аст, зеро лимити барқ соли 2010 – 19 март, соли 2011 – 17 апрел ва соли гузашта – 1 апрел бекор шуда буд. «Солҳое низ буданд, ки сатҳи об аввалҳои моҳи май ба нишондиҳандаи зарурӣ расида буд», – гуфт номбурда.

Раиси ширкат афзуд, айни замон истеъмолгарони асосии нерӯи барқ Ширкати алюминии тоҷик (14 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз) ва шаҳри Душанбе (11 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз) мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз 7-уми октябри соли гузашта дар манотиқи кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардид. Тибқи лимит пешбинӣ шуда буд, ки манотиқи ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз 14 соат – аз соати 4 то 10-и субҳ ва аз 16 то 24 шом бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Ба шаҳру марказҳои ноҳия бошад, интиқоли мунтазами нерӯи барқ дар назар буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.