Президент раиси нави ВМКБ-ро таъин кард

Бо фармони президенти Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим аз мансаб сабукдӯш гардида, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ таъин карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, собиқ раиси ин Кумита Давлаталӣ Саидов дар навбати худ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон таъин шуда, дар ин вазифа Матлубхон Давлатовро иваз […]

ASIA-Plus


Бо фармони президенти Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим аз мансаб сабукдӯш гардида, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ таъин карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, собиқ раиси ин Кумита Давлаталӣ Саидов дар навбати худ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон таъин шуда, дар ин вазифа Матлубхон Давлатовро иваз кард.

Ҳамчунин бо фармони президент собиқ раиси ноҳияи Шуғнон Шодихон Ҷамшедов раиси ВМКБ ва ба ҷойи ӯ Азиз Гиёев раиси ин ноҳия таъин шуд. Қобиламо Ғуломшоева аз мансаби раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ сабукдӯш гардида, мансаби ӯро Худоёр Худоёров ишғол намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.