Форуми дуюми хатмкардагони макотиби олии Русия дар Душанбе

Ахири ҳафтаи гузашта дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе Форуми дуюми хатмкардагони макотиби олии Русия (Иттиҳоди Шӯравӣ) баргузор гардид, ки аз ҷониби сафоратхонаи Русия, намояндагии «Россотрудничество» дар ҶТ ва бо дастгирии як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ созмон дода шуд. Бино ба иттилои сафоратхонаи Русия дар ҶТ, дар кори форум беш аз 100 нафар афроди […]


Ахири ҳафтаи гузашта дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе Форуми дуюми хатмкардагони макотиби олии Русия (Иттиҳоди Шӯравӣ) баргузор гардид, ки аз ҷониби сафоратхонаи Русия, намояндагии «Россотрудничество» дар ҶТ ва бо дастгирии як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ созмон дода шуд.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Русия дар ҶТ, дар кори форум беш аз 100 нафар афроди шинохта дар дохил ва хориҷи кишвар, ки ҳатмкардагони макотиби олии Русия мебошанду имрӯз ҳам дар таҳкиму рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузоранд, ширкат варзиданд.

Зимни суханронии шодбошии худ сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов аз ҷумла изҳор намуд: «Имрӯз ҳазорон хатмкардагони макотиби олии Русияву собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон машғули коранд. Инҳо афроди боистеъдоданд, ки дар фарҳангу маърифати худ беҳтарин дастовардҳои маънавиёти тоҷикиву русиро муттаҳид намудаанд».

Дар ҷараёни кори форум зикр гардид, ки ин чорабинӣ ҳамасола бояд майдони муколама оид ба мавзӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахшҳои гуногун гардад ва аз тамоми хатмкардагони тоҷики макотиби олии Русия даъват шуд, ки ба рушду таҳкими робитаҳои гуногунҷанба ва дӯстӣ миёни мардуми кишварҳо мусоидат кунанд.

Дар чорабинии мазкур оид ба таъсиси Ассотсиатсияи хатмкрадагони макотиби олии Русия дар Тоҷикистон қарори дахлдор қабул шуд, ки дар санади ҷамъбастии Форум дарҷ гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.