Нуқтаи назари ягонаи мубориза бо мухаддирот дар «Муколамаи Душанбе»

Рӯзи 29-уми ноябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии кишварҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Россия, Хитой, Америка, Туркия, инчунин намояндагони РСММ оид ба мухаддирот ва ҷинояткорӣ, Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Ташаббускори гузаронидани вохӯрии мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии […]


Рӯзи 29-уми ноябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии кишварҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Россия, Хитой, Америка, Туркия, инчунин намояндагони РСММ оид ба мухаддирот ва ҷинояткорӣ, Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Ташаббускори гузаронидани вохӯрии мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд.

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ доир ба мӯътадил гардидани вазъият ва муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар минтақа баъди баровардани қувваҳои эътилофӣ аз Афғонистон дар соли 2014 нуқтаи назари ягона пайдо гардида, ҳамзамон ба омодагии ҷонибҳо ҷиҳати қабули  чораҳои зиддимухаддиротӣ баҳои комилан мувофиқи воқеӣ  дода шуд.

Иштирокчиён диққати асосиро ба масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор равона намуданд.

Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои актуалии вобаста ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, мухаддиротӣ ва терроризм муҳокима гардиданд.

Таҳлили вазъи ҳозира гузаронида шуда, дар самти тайёр кардани кормандон, баланд бардоштани савияи дониш ва такмили ихтисоси мутахассисони мақомоти махсуси дар соҳаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор муборизабаранда табодули афкор баргузор гардид.

Иштирокчиёни вохӯрӣ қайд карданд, ки ҳар як кишвар дар алоҳидагӣ бо ҷинояткорӣ муборизаи беамон мебарад, вале барои муборизаи самаранок бо ҷинояткории трансмиллӣ муттаҳидсозии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур мебошад. Ҳамчунин ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа дар стратегияи шарикони устувор оид ба таъмини амният мустаҳкам карда шаванд.

Ширкаткунандагони ҷаласа  ба як қарор омаданд, ки ба ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ бо роҳи расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ, васеъ намудани ҳамкориҳо дар тайёр кардани кормандон, омода ва бозомӯзии мутахассисони мақомоти зиддимухаддиротӣ тақвият бахшанд.

Ба нақша гирифта мешавад, ки ба рушди ҳамкориҳои мақомоти зиддимухаддиротӣ дар масъалаҳои мубориза бо пешгирии маблағҳое, ки аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба даст оварда шудааст, диққати асосӣ дода шавад.

Қайд карда шуд, ки зарурияти то соли 2019 давом додани Барномаи минтақавии РСММ оид ба мухаддирот ва ҷинояткорӣ ҷиҳати дастгирии кӯшишҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя ба вуҷуд омадааст.

Ҷамъбасти ҳамкориҳои муфиди муштараки вохӯрӣ нишон  доданд, ки дар минтақа ҳамкориҳои боз ҳам мустаҳками мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ дар кори мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона, мухаддиротӣ ва терроризми байналмилалӣ, инчунин доир ба омода кардани кадрҳо ва такмили ихтисоси мутахассисони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маблағгузории кишварҳои иштирокчӣ мутобиқи барномаҳои дахлдор густариш дода шаванд.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ баъди баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ Изҳороти муштарак қабул карда шуд, ки дар он самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо қайд карда шуданд.

Иштирокчиён ба ин вохӯрӣ номи  «Муколамаи Душанбе» доданд. Қарор қабул карда шуд, ки чунин вохӯриҳо ҳар сол як маротиба дар ҳудуди яке аз кишварҳои иштирокчӣ бо навбат гузаронида шавад.

Ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ташаббус баромад карда, пешниҳод намуданд, ки дар соли 2014 ҷаласаи навбатии «Муколамаи Душанбе» дар ҶИЭ гузаронида шавад ва ин пешниҳод аз ҷониби ҳамаи иштирокчиён якдилоа қабул карда шуд.

Аз рӯи ҷамъбасти вохӯрӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ брифинг баргузор гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.