Маълумоти КДАМ дар бораи иштироки узви ҲНИТ дар даргириҳои Сурия

Чанде қабл Кумитиа давлати амнияти миллии Тоҷикистон тариқи шабакаҳои давлатии телевизион навореро ба намоиш гузошт, ки дар он дар бораи иштироки яке аз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар даргириҳои Сурия алайҳи ҳукумати Башор Асад маълумот дода мешавад. Дар иттилоияи интишорнамудаи Кумита зикр мегардад, ки сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, зодаи ноҳияи Восеъ Баҳриддин Муъминов дар […]

ASIA-Plus



Чанде қабл Кумитиа давлати амнияти миллии Тоҷикистон тариқи шабакаҳои давлатии телевизион навореро ба намоиш гузошт, ки дар он дар бораи иштироки яке аз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар даргириҳои Сурия алайҳи ҳукумати Башор Асад маълумот дода мешавад.

Дар иттилоияи интишорнамудаи Кумита зикр мегардад, ки сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, зодаи ноҳияи Восеъ Баҳриддин Муъминов дар сафи гурӯҳҳои террористӣ алайҳи сохти конститутсионии Сурия ҷангидааст. «Волидайни Муъминов ва худи ӯ узви ҲНИТ буда, хоҳараш ҳамсари писари муассиси ҲНИТ, марҳум Саид Абдулло Нурӣ мебошад», – баён гардида буд дар навор.

Намояндагони КДАМ дар сюжети телевизионӣ таъкид намуданд, ки ҳанӯз соли 2010 Муъминов бо мақсади гирифтани маъоумоти динӣ Тоҷикистонро тарк карда, тавассути Туркия то Сурия расидааст ва дар он ҷо ба Донишгоҳи «Маъҳат дували-ул-улуми араби» дохил шудааст.

«Аз моҳи октябри соли 2011 то моҳи феврали соли 2012 ӯ дар сафҳои созмони террористии «Ҷабҳат- «Ҷабҳат-ун-Нусра», ки қаноти суриягии ташкилоти байналмилалии террористии «Ал-Қойида» маҳсуб меёбад, бо пардохти маблағи муайян дар муҳорибаҳои ҷангӣ зидди нерӯҳои мусаллаҳи ҳукуматии Сурия фаъолона иштирок намуда, чанд нафар аз ҳамсафони Баҳриддин дар ин амалиётҳо кушта шуданд», – изҳор карда мешавад дар иттилоия.

Зимнан зикр гардид, ки бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷиистон аз 18 декабри соли 2013 шаҳрванд Баҳриддин Муъминов бо дастрасии моддаи 187 қисм 2-и КҶ ҶТ аз озодӣ маҳрум карда шуд. Дар ин модда маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол пешбинӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.