Кӯшишҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати ба созиш расидан

Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар Бишкек таҳти раёсати муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов ҷаласаи навбатии комисиияи байниҳукуматиии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ доир гардид. Сармушовири хадамоти матбуоти сарвари давлат Субҳиддин Муҳиддинов, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин сафар ҳамроҳӣ дорад, ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ […]



Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар Бишкек таҳти раёсати муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов ҷаласаи навбатии комисиияи байниҳукуматиии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ доир гардид.

Сармушовири хадамоти матбуоти сарвари давлат Субҳиддин Муҳиддинов, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин сафар ҳамроҳӣ дорад, ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масоили амалисозии тавофуқоти ҳосилшуда дар гуфтушуниди рӯзҳои 30-31-уми январ дар Бишкек бобати ба эътидол овардани вазъ дар марзро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои истифодаи роҳҳо ва қитъаҳои замини наздимарзӣ, ҳамчунин мушкилоти марбут ба гузаргоҳҳои назоратӣ дар марз низ матраҳ гардидааанд.

Муҳиддинов иттилоъ дод, ки аз рӯи ҳамаи масоили зикршуда ҷониби Тоҷикистон хулосаҳои мушаххаси худро ба намояндагони кишвари ҳамсоя пешниҳод намуд. «Намояндагони Қирғизистон таъкид доштанд, ки аз рӯи масоили зикршуда ояндаи наздик тариқи роҳҳои дипломатӣ мавқеи худро рӯшан хоҳанд кард», – иброз дошт ӯ.

Номбурда дар идома зикр кард, ки дар бораи акнун аввали моҳи март дар Душанбе баргузор кардани вохӯрии навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон низ тавофуқ ҳосил шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.