Курсии вакилии собиқ муовини раиси пойтахт то анҷоми даъвати кунунӣ холӣ мемонад

Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси ваиклони халқи шаҳри Душанбе, ки ба санаи 31-уми июл таъин шуд, масъалаи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №36, собиқ муовини раиси пойтахт Аблаҳад Оев низ баррасӣ мешавад. Котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, […]

Аваз Юлдошев



Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси ваиклони халқи шаҳри Душанбе, ки ба санаи 31-уми июл таъин шуд, масъалаи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №36, собиқ муовини раиси пойтахт Аблаҳад Оев низ баррасӣ мешавад.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ваколатҳои Абдулаҳад Оев бинобар сабаби ҳалокати ӯ дар садамаи нақлиёт, ки рӯзи 24-уми май дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд рух дод, қатъ карда мешаванд.

Роҳбари дастгоҳи Комисиияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Абдуманнон Додоев дар шарҳи ин масъала ба «Азия-Плюс» изҳор кард, ки бар асоси қонунгузории интихоботи ҷумҳурӣ, комиссияи интихобот ва раъйпурсии пойтахт ба таъини вакили нав дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба ҷойи А.Оев ҳуқуқ надорад.

«Қонунгузории интихоботи кишвар ба баргузории интихобот ба ҷойи вакили хориҷшуда дар ҳама сатҳҳои ҷумҳурӣ дар сурати камтар аз як сол боқӣ мондани анҷоми ваколатҳои онҳо имкон намедиҳад», – қайд кард Додоев.

Номбурда ҳамчунин хотиррасон намуд, ки ваколатҳои вакилони кунании ҳамаи сатҳҳо дар Тоҷикистон 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.