Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо ниҳодҳои қудратии ҷумҳурӣ

Рӯзи 10-уми июл президенти Тоҷикистон дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти суду прокуратураи кишвар вохӯрӣ мегузаронад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ, вохӯрии президент бо намояндагони ниҳодҳои интизомӣ ва қудратии Тоҷикистон дар доираи иштироки ӯ дар кори ҷаласаи […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи 10-уми июл президенти Тоҷикистон дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти суду прокуратураи кишвар вохӯрӣ мегузаронад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, вохӯрии президент бо намояндагони ниҳодҳои интизомӣ ва қудратии Тоҷикистон дар доираи иштироки ӯ дар кори ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ сурат мегирад.

«Интизорӣ меравад, ки дар суханронии худ сарвари давлат ба масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти миллӣ, содир шудани ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва қудратӣ ва дигар масъалахои муҳиму рӯзмарраи ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад кард», – иброз дошт сарчашмаи хабар.

Зимнан таъкид гардид, ки ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Тоҷикистон бори нахуст дар берун аз бинои прокуратура доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.