Ба истифода додани чопхонаи муосир дар ноҳияи Қубодиён

Дар ноҳияи Қубодиён чопхонаи замонавӣ ба кор шурӯъ кард. Рӯзи 23 июл дар ноҳияи Қубодиён дар назди газетаи ноҳиявии «Тахти Қубод» бо иштироки раиси ноҳия Саъдулло Бекназаров, роҳбарони ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ ва гурӯҳи рӯзноманигорон бо дуои сархатиби ноҳия ба фаъолияти чопхонаи нав ҳусни оғоз бахшида шуд. Сардабири газетаи ноҳиявӣ Адолати Ашкрез зимни ифтитоҳи матбаа изҳор […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Дар ноҳияи Қубодиён чопхонаи замонавӣ ба кор шурӯъ кард.

Рӯзи 23 июл дар ноҳияи Қубодиён дар назди газетаи ноҳиявии «Тахти Қубод» бо иштироки раиси ноҳия Саъдулло Бекназаров, роҳбарони ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ ва гурӯҳи рӯзноманигорон бо дуои сархатиби ноҳия ба фаъолияти чопхонаи нав ҳусни оғоз бахшида шуд.

Сардабири газетаи ноҳиявӣ Адолати Ашкрез зимни ифтитоҳи матбаа изҳор дошт, ки аз ин ба баъд газетаи ноҳиявӣ дар ҳамин ҷо нашр мешавад.  Ҳамчунин чопхона ба нашри газетаҳои ноҳияҳои ҳамсоя низ имкон дорад. Чопхона ҳамчунин имконияти чопи китоб, китобчаҳою варақаҳои хизматиро низ дорад.

Раиси ноҳия ба роҳбарони ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ дастур дод, ки аз ин ба баъд варақаҳои хизматии хешро аз чопхонаҳои дигар шаҳру навоҳӣ харидорӣ накунанду дар чопхонаи ноҳия фармоиш бидиҳанд.  Аз ҷумла тамоми варақаҳои лозимаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамин чопхона ба чоп хоҳанд расид.

Бояд гуфт, ки раиси ноҳия зимни як нишасти хабарӣ авали соли равон ба хабарнигорон ваъда дода буд, ки барои газетаи ноҳиявӣ як чопхонаи муосир  харидорӣ хоҳад кард.  Бо ба маснади раиси ноҳия нишастани Саъдулло Бекназаров теъдоди чопи газетаи ноҳиявӣ аз 500- 700 то 5 ҳазор нусха расонида шуд, ки дар миқёси вилоят беҳамтост.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.