Бо дархости раиси Суғд квотаи ҳаҷ барои сокинони вилоят зиёд карда шуд

Соли равон 1702 нафар сокинони вилояти Суғд макони муқаддаси Ислом – Маккаву Мадинаро зиёрат мекунанд. Зимни нишасти хабарӣ мутахассиси шуъбаи умури дини ҳукумати вилояти Суғд Саидҷон Амонов дар ин робита изҳор намуд, ки соли ҷорӣ Кумита оид ба корҳои дини кишвар барои вилояти Суғд 1630 квотаи ҳаҷ ҷудо намуда буд, аммо бо мусоидати раиси вилоят […]



Соли равон 1702 нафар сокинони вилояти Суғд макони муқаддаси Ислом – Маккаву Мадинаро зиёрат мекунанд.

Зимни нишасти хабарӣ мутахассиси шуъбаи умури дини ҳукумати вилояти Суғд Саидҷон Амонов дар ин робита изҳор намуд, ки соли ҷорӣ Кумита оид ба корҳои дини кишвар барои вилояти Суғд 1630 квотаи ҳаҷ ҷудо намуда буд, аммо бо мусоидати раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, ба сокинони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ боз 72 квотаи иловагӣ ҷудо гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати анҷом додани расмиёти гирифтани раводид айни замон тамоми ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагони имсола аз вилояти Суғд ба Кумита оид ба корҳои дини ҷумҳурӣ ирсол гардидааст.

Соли равон арзиши адоми маросими ҳаҷ барои зойирини тоҷик 18 ҳазору 164 сомонӣ муқаррар шудааст. Соли гузашта арзиши он 17 ҳазору 625 сомониро ташкил дода буд. «Болоравии арзиши адои маросими ҳаҷ дар соли ҷорӣ ба афзоиши нархи будубош дар меҳмонхонаҳо ва дигар хизматгузориҳое, ки дар Арабистони Саудӣ ба зойирин пешниҳод мегарданд, вобаста аст», – зикр кард Амонов.

Қобили зикр аст, ки соли равон дар маҷмӯъ 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ҷиҳати адои маросими ҳаҷ ба Арбабистони Саудӣ раҳсипор мешаванд. Соли гузашта низ шумори зойирини тоҷик 6 ҳазор нафарро ташкил дода буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.