Ба сокинони Хатлон тракторҳои истеҳсоли Белорус тақдим шуд

Дар ду ноҳияи кӯҳистони вилояти Хатлон –  Шӯрообод ва Муъминобод маросими супоридани тракторҳо ва мошинолоти кишоварзии истеҳсоли Беларус баргзор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, техникаи мазкур дар доираи амалисозии лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» тақдим гардид. Лоиҳа аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ маблағгузорӣ гардида, барои татбиқи он то моҳи […]



Дар ду ноҳияи кӯҳистони вилояти Хатлон –  Шӯрообод ва Муъминобод маросими супоридани тракторҳо ва мошинолоти кишоварзии истеҳсоли Беларус баргзор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, техникаи мазкур дар доираи амалисозии лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» тақдим гардид. Лоиҳа аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ маблағгузорӣ гардида, барои татбиқи он то моҳи апрели соли 2015 7 миллиону 350 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ шудааст.

Мақсади асосии лоиҳа мусоидат намудан ба тараққиёти устувори захираҳои замин, рушди инфрасохтори истеҳсолии деҳот, баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатии  хонаводаҳои ноҳияҳои Шурободу Мӯъминобод мебошад.

Бо ин мақсад, ба 25 мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятии ноҳияи Шӯрообод дар маҷмуъ 31 адад трактор, 31 адад плуг, 6 адад ғалакӯбак, 2 адад дорупошак, 1 адад алафдаравак, 22 адад ядак (притсеп) ва 118 адад сихмола ба маблағи умумии  930 ҳазор доллари ИМА дастрас гардид.

Ба роҳбарони 31 мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятии ноҳияи Муминобод дар маҷмуъ  31 адад трактор, 31 адад плуг, 15 адад ғалакубак, 4 адад дорупошак, 27 адад ядак ва 167 адад сихмола ба маблағи умумии 1 миллиону 56 ҳазор доллари ИМА супорида шуд.

Қобили зикр ас тки имрӯз дар баробари 13 барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ 38 лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба маблағи зиёда аз 192 миллион доллари ИМА амалӣ мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.