Коҳиши аз нисф зиёди истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон

Истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон аз нисф зиёдтар коҳиш ёфта, аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ 53,6 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2013 ба андозаи 55% камтар аст. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки кам шудани ҳаҷми […]



Истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон аз нисф зиёдтар коҳиш ёфта, аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ 53,6 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2013 ба андозаи 55% камтар аст.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки кам шудани ҳаҷми истеҳсоли алюминий сабабҳои объективӣ дорад, ки қисман ба поинравии нархи он дар бозори ҷаҳонӣ марбут аст.

«Мо ният дорем, ки ҳамасола ҳаҷми коркарди алюминий дар дохили кишврро афзун намоем. То имрӯз 19 корхонаи коркарди алюминий таъсис дода шудаанд, ки зарф, кабел, тиреза аз алюминий ва ғайра истеҳсол мекунанд. Тадриҷан иқтидори ин корхонаҳо афзуда мешаванд», – иброз дошт вазир.

Дар робита ба ин масъала Бобозода корхонаи муштараки «Тоҷпроф»-и Тоҷикистону Туркияро мисол оварда, зикр кард, ки иқтидори он ба коркарди 3,7 млн. тонна алюминий дар як сол баробар аст. «Барои сохтмони корхонаи мазкур 13 млн. сомонӣ маблағ харҷ шуда, дар он 70 нафар бо ҷойи корӣ таъминанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли вазири саноат ва технологияхои нави ҶТ, дар ин самт ҳамчунин оид ба таъсиси корхонаи муштарак бо ширкати «Алютех»-и Беларус низ тавофуқ ҳосил шудааст, ки ба истеҳсоли сохторҳои меъмориву сохтмонӣ аз профилҳои алюминӣ машғул хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти пешакии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, соли равон истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, 150 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод.

Соли 2013 низ ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия дар Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) дар муқоиса бо соли 2012 ба миқдори 20,6% коҳиш ёфта, 216,4 ҳазор тоннаро ташкл дод, ки 197 ҳазор тоннааш ба хориҷи кишвар содирот шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.