Истихроҷи маъдан ба маблаги 322 млн. сомонӣ дар ширкати кӯҳкории Зарнисор

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаи муштараки «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» Зарнисор ба маблағи умумии 322 млн. сомонӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 205 млн. сомонӣ) маъдан истихроҷ шуд. Муовини директори генералии ширкат Зафар Зарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин давра 23,6 ҳазор тонна маъдани сурб, 39,5 […]



Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаи муштараки «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» Зарнисор ба маблағи умумии 322 млн. сомонӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 205 млн. сомонӣ) маъдан истихроҷ шуд.

Муовини директори генералии ширкат Зафар Зарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин давра 23,6 ҳазор тонна маъдани сурб, 39,5 ҳазор тонна маъдани руҳ ва 2,2 ҳазор тонна маъдани мис истихроҷ гардида, нақшаи истихроҷи маъданҳо ба миқдори 13,8% барзиёд иҷро шудааст.

Ба гуфтаи Зарифов, имрӯз дар корхонаи муштараки «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» Зарнисор 1682 нафар коргарони мутахассисон машғули коранд, ки 104 нафарашонро сокинони маҳаллӣ ва боқимонаро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд. «Музди меҳнати миёна дар корхона ба 2 ҳазору 170 сомонӣ баробар аст, – афзуд ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.