Курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Белгия

Рӯзи 6 сентябри соли 2014 дар яке аз толорҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия маросими ифтитоҳи курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ бо иштироки фаъолони диаспораи тоҷик дар кишвари иқомат барпо гардид. Бино ба иттилои сафорати ҶТ дар Белгия, ҳадаф аз ташкили курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ барои аъзои диаспораи тоҷик ва хориҷиён ин ташвиқу тарғиб ва […]



Рӯзи 6 сентябри соли 2014 дар яке аз толорҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия маросими ифтитоҳи курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ бо иштироки фаъолони диаспораи тоҷик дар кишвари иқомат барпо гардид.

Бино ба иттилои сафорати ҶТ дар Белгия, ҳадаф аз ташкили курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ барои аъзои диаспораи тоҷик ва хориҷиён ин ташвиқу тарғиб ва ҳифзи забони тоҷикӣ, таърих, фарҳанг, санъат ва дигар унсурҳои асосии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии миллати тоҷик мебошад.

Гуфта мешавад, қаблан чандин шаҳрвандони Белгия, кормандони сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, васоити ахбори оммаи аврупоӣ ва ташкилотҳои байналмилаливу минтақавии муқими Брюссел бо рағбати омӯзиши забони тоҷикӣ ба Намояндагии дипломатии Тоҷикистон муроҷиат карда буданд.

Зикр мегардад, ки дар бинои Намояндагӣ толори хурду бузург бо мизу курсиҳо, оинаи нилгун ҷиҳати намоиши филмҳои гуногуни мавзӯӣ, китобу матолиби дахлдор барои гузаронидани курсҳои мазкури забонӣ дар сатҳи зарурӣ вуҷуд доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.