Муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Брюссел

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел дар якҷоягӣ бо роҳбарияти ширкати сайёҳии Шоҳигарии Белгия «Desti Travel» дар идораи марказии он маросими муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистонро баргузор намуд. Бино ба иттилои сафорати ҶТ дар Белгия, дар чорабинии номбурда роҳбарон ва намояндагони як қатор ширкатҳои бонуфузи сайёҳии Шоҳигарии Белгия ва воситаҳои ахбори умуми кишвари иқомат иштирок намуданд. Дар […]



Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел дар якҷоягӣ бо роҳбарияти ширкати сайёҳии Шоҳигарии Белгия «Desti Travel» дар идораи марказии он маросими муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистонро баргузор намуд.

Бино ба иттилои сафорати ҶТ дар Белгия, дар чорабинии номбурда роҳбарон ва намояндагони як қатор ширкатҳои бонуфузи сайёҳии Шоҳигарии Белгия ва воситаҳои ахбори умуми кишвари иқомат иштирок намуданд.

Дар оғоз сафири Точикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев роҷеъ ба имконоти сайёҳии ҷумхурӣ,  фарҳанг ва ва таърихи тоҷикон ахбори муфассал пешниҳод кард. Ӯ иштирокчиёнро ба ҷалби сармоя ба инфрасохтори туристии кишвар даъват намуд. Пас аз суханронӣи филм оид ба имконоти туристии Тоҷикистон, лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон, китобҳо, брошюраҳо ва дигар мавод бахшида ба соҳаи туризми ҷумҳурӣ, фарҳанг, ҷойҳои таърихӣ ва манзараҳои дидании мамлакат ба манзури ҳозирон пешкаш гардид.

 Дар идораи марказии ширкати “Desti Travel” гӯшаи махсус таҳти унвони «Туризм, фарҳанг ва таърихи Тоҷикистон» созмон дода шуд, ки дар он маводи мухталиф бахшида ба имконоти сайёҳӣ, фарҳанг ва таърихи ҷумҳурӣи оварда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.