Муддати 4 сол дар Кӯлоб 18 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад

Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр барномаи рушди шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2014-2018-ро тасдиқ карданд. Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Нуридин Бозоров ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар барнома амалисозии 234 лоиҳаҳои хурду бузург ба маблағи умумии 1 млрд. 30 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи нақшаи стратегии […]



Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр барномаи рушди шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2014-2018-ро тасдиқ карданд.

Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Нуридин Бозоров ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар барнома амалисозии 234 лоиҳаҳои хурду бузург ба маблағи умумии 1 млрд. 30 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи нақшаи стратегии рушди шаҳри Кӯлоб муддати 4 сол дар шаҳр бояд ду манзили зисти 9-ошёна, се манзили зисти 5-ошёна ва то садҳо манзилҳои хусусӣ сохта шаванд.

«Давоми 4 соли оянда дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб 38 корхонаи хурди саноатӣ, 8 мактаби таҳсилоти умумӣ, шабакаи марказҳои хизматгузорӣ ба истифода дода шуда, дар 300 гектар боғҳои нав бунёд карда мешаванд», – иброз дошт номбурда ва илова намуд, ки дар натиҷаи амалисозии барномаи рушди стратегӣ то 18 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.