ҲНИТ шаҳрвандонро ба худдорӣ аз иштирок дар гирдиҳамойӣ даъват кард

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 8-уми октябр ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор намуда, муроҷиатнома ба шаҳрвандони кишварро қабул намуд, ки дар он ба худдорӣ варзидан аз иштирок дар гирдиҳамойии рӯзи 10-уми октябр даъват карда мешавад. Дар муроҷиатнома қайд мешавад, ки имрӯзҳо дар ҷомеъа, шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо дар бораи роҳандозии гирдиҳамоии эътирозӣ аз тарафи баъзе […]



Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 8-уми октябр ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор намуда, муроҷиатнома ба шаҳрвандони кишварро қабул намуд, ки дар он ба худдорӣ варзидан аз иштирок дар гирдиҳамойии рӯзи 10-уми октябр даъват карда мешавад.

Дар муроҷиатнома қайд мешавад, ки имрӯзҳо дар ҷомеъа, шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо дар бораи роҳандозии гирдиҳамоии эътирозӣ аз тарафи баъзе созмонҳо ва афрод  овозаҳо ва хабарҳои гуногун паҳн мегардад. «Ин масъала аъзо ва тарафдорони ҲНИТ-ро, ҳамчун як ҳизби сиёсии кившар, ки барои расидан ба сулҳу оштӣ ва суботи ҷомеъа заҳмати зиёд кашидааст, бетараф гузошта наметавонад. Ҳаргуна иқдом, амал ва даъвате, ки ба сулҳу ваҳдат, оромиш ва суботи кишвар зарба мезанад, мухолафат ба қонунгузорӣ дорад, новобаста аз аҳдоф ва нияти баргузоркунандагонаш, мавриди маҳкумият ва инкори ҲНИТ қарор хоҳад гирифт», – омадааст дар муроҷиатнома.

Шӯрои сиёсии ҳизб  созмондиҳандагони  ин гирдаҳамоиро даъват менамояд, ки  аз тасмими худ даст кашида, бо расонаӣ кардани он пеши роҳи ҳамагуна бесуботӣ ва нооромиро бигиранд. «Дар баробари ин мо аз аъзо, ҷонибдорон ва ҳама касоне, ки мавқеъи ҲНИТ-ро эҳтиром мегузоранд  даъват менамоем, ки дар ҳеҷгуна чорабиниҳои ғайриқонунӣ ширкат накунанд ва аз ҳолатҳои фитнаангез парҳез намоянд. Ширкат дар  чорабиниҳое, ки қонунӣ нестанд ё қонунӣ ҳастанду роҳбарияти ҳизб бо он розӣ нест, мухолафат ба сиёсатҳо ва санадҳои дохилии ҳизб шинохта мешавад ва  метавонад боиси ихроҷи чунин аъзо аз сафи ҳизб бигардад», – қайд мешавад дар муроҷиатнома.

Дар муроҷиатнома хотирррасон мешавад, ки кишвар  ва миллати мо бист сол пеш гирифтори фитна гардида дар вартаи парокандашавӣ ва аз байн рафтан қарор дошт ва сабабҳои асосии  ин фитна, ҳамдигарро нафаҳмидан, эътироф ва эҳтиром накардан, яккатозӣ ва ғурур аз қудрат ва тавонмандии хеш, инчунин ноогоҳӣ аз барномаҳову тарҳҳои бегонагон барои барангехтани ҳисси нобоварӣ ва эътироз байни мардум ва мақомоти давлатӣ буд. «Маҳз бемасъулиятӣ ва кутоҳандешии мақомоти давлатии давр ва баъзе  афроду гуруҳҳои ҳангомаҷӯ миллату давлатро ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашид, ки баҳои он ҷони бештар аз 150  ҳазор инсон ва ятиму бесаробон мондани садҳо ҳазори дигар гашт», – гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Зикр мегардад, ки миллати тоҷик тасмим гирифт, ки дигар ҳеҷгоҳ алайҳи якдигар силоҳ намебардорад ва нерӯ танҳо барои дифоъ аз ватан, миллат ва нангу номуси милливу динӣ ва он ҳам дар чорчуби қонун истифода хоҳад шуд. «Миллат ба хулоса омад, ки Тоҷикистон бояд як кишвари озоду демократӣ, дунявӣ ва ягона бошад, ки ҳама андешаву афкор, ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳову ташкилотҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, тиҷоратӣ дар доираи қонун озодона, баробар ва бе ягон маҳдудияту фишор фаолият намоянд», – таъкид мегардад дар муроҷиатномаи ҲНИТ.

Матни пурраи муроҷиатномаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ

бо суроғаи зерин

қобили дарёфт аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.