Тафсилоти ҳодиса дар «Содот» дар маълумоти расмии ВКД

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар бораи тафсилоти ҳодисаи рухдода дар толори кошонаи ҳусни маркази савдои «Содот»-и пойтахт маълумоти расмӣ интишор намуд. Дар маълумот зикр мегардад, ки рӯзи 8-уми октябр дар кошонаи ҳусни «Галина»-и Маркази савдои «Содот»-и шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омада, дар натиҷа соҳибкор Олег Токови 45-сола ба ҳалокат расид. «Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, […]



Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар бораи тафсилоти ҳодисаи рухдода дар толори кошонаи ҳусни маркази савдои «Содот»-и пойтахт маълумоти расмӣ интишор намуд.

Дар маълумот зикр мегардад, ки рӯзи 8-уми октябр дар кошонаи ҳусни «Галина»-и Маркази савдои «Содот»-и шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омада, дар натиҷа соҳибкор Олег Токови 45-сола ба ҳалокат расид.

«Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки сухтори мазкур дар натиҷаи ба  худсузӣ даст задани соҳибмулки кошона Олег Токов сар зада, сабаби ба ин амал даст задани ӯ аз шаҳрвандони зиёд дар ҳаҷми беш аз 500 ҳазор доллари ИМА қарздор будани ӯ мебошад», – гуфта мешавад дар маълумот.

Ҳамсараш Галина Алексеева изҳор намудааст, ки сабаби ба худкушӣ даст задани шавҳараш ин қарзҳои зиёди пулӣ ва пайваста занг задани қарздиҳандагон ва пурсон шудани маблағашон мебошад. Инчунин аз суханони завҷааш, Олег рӯзҳои охир дар ҳолати вазнини рӯҳӣ қарор дошта, рӯзи 28-уми сентябри соли равон, тахминан соатҳои 14, худро бо шишаи тиреза як чанд  ҷойи пойҳояшро бурида хуншор намуда, ҷароҳати ҷисмонӣ мерасонад.

Ҳамон рӯз Токов Олег дар ҳуҷраи кориаш пайваста ба кашидани сигор машғул шуда, таклифи ҳамсарашро оиди ба берун баромадан рад намуда, дарҳои ҳуҷраашро аз дохил маҳкам менамояд ва даст ба худсӯзӣ мезанад.

Аз хулосаи мутахассисон бармеояд, ки Токов Олег бо истифода аз моддаҳои барои ороиши рангубори мӯй худсузӣ намудааст, ки чунин ҳолат боиси сар задани сӯхтор гардидааст. Инчунин аз хулосаи мутахассисон бармеояд, ки ҳолати таркиш дар Кошонаи ҳусни мазкур вуҷуд надорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.