Пирӯзии дилпуронаи «Истиқлол» дар бозӣ бо «Паҳанг»

Дар бозии аввали даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ тими «Паҳанг»-и Малайзияро қабул карда, бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 пирӯз шуд. Дар қисми аввали бозӣ тӯбҳоро ба дарвозаи тими меҳмонон легионери эронии даста Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ (дақиқаи 35-ум) ва капитани даста Дилшод Восиев (дақиқаи 38-ум) ба ҳадаф расониданд. Дар […]



Дар бозии аввали даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ тими «Паҳанг»-и Малайзияро қабул карда, бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 пирӯз шуд.

Дар қисми аввали бозӣ тӯбҳоро ба дарвозаи тими меҳмонон легионери эронии даста Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ (дақиқаи 35-ум) ва капитани даста Дилшод Восиев (дақиқаи 38-ум) ба ҳадаф расониданд.

Дар қисми дуюм низ бозӣ бо бартарии дастаи «Истиқлол» сурат гирифта, дар дақиқаи 50-ум Хуршед Маҳмудов ва дар дақиқаи 77-ум боз капитани даста Дилшод Восиев дӯ туби дигарро вориди дарвозаи меҳмонон карданд.

Бозии ҷавобии «Истиқлол» бо «Паҳанг» рӯзи 16 сентябр дар шаҳри Куантани Малайзия доир мегардад. Ғолиби ин ҷуфт дар бозии нимфиналӣ бо ғолиби ҷуфти «Кувайт»-и Кувайт – «Китчӣ»-и Ҳонконг рӯзҳои 30 сентябр ва 21 октябр рақобат мекунад.


Натиҷаи бозиҳои дигари даври аввали марҳилаи чаҳорякфиналии Ҷоми


AFC


-2015

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Ал-Ҷайш» (Сурия) – 1-1

«Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Саут Чайна» (Ҳонконг) – 3-0

КВ «Кувайт» (Кувайт) – «Китчӣ» (Ҳонконг) – 6-0

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.