Дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон Тоҷикистон алҳол бе медал аст

Дар Қазоқистон мусобиқаи қахрамонии дзюдои ҷаҳон идома дошта, аз рӯи натиҷаҳои 4 рӯзи мусобиқа дастаи Тоҷикистон алҳол медал ба даст наовардааст. Имрӯз варзишгари маъруфи даста Комроншоҳи Устопириён ба рақобат мепардозад. Бино ба маълумоти радиои Озодӣ, қаблан гуштигири тоҷик Умед Абдураҳимов дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Марко Викисевич (Сербия) мағлуб […]



Дар Қазоқистон мусобиқаи қахрамонии дзюдои ҷаҳон идома дошта, аз рӯи натиҷаҳои 4 рӯзи мусобиқа дастаи Тоҷикистон алҳол медал ба даст наовардааст. Имрӯз варзишгари маъруфи даста Комроншоҳи Устопириён ба рақобат мепардозад.

Бино ба маълумоти радиои Озодӣ, қаблан гуштигири тоҷик Умед Абдураҳимов дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Марко Викисевич (Сербия) мағлуб гашт. Кароматулло Ҳакимов, ки дар аввалин рақобати худ бар Неоклис Скоуромоунис(Кипр) дастболо гардид, дар даври баъдӣ аз Ням-Очир Саинҷаргал (Муғулистон) шикаст хӯрд. Шӯҳратҷони Фархизода низ баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Ҷосуа Депрез (Гаити), дар даври дувум қувваозмоиро ба Ҷаромир Ҷезек (Ҷумҳурии Чех) бохт.

Дар вазни то 81 кило Саидҷамол Алимардонов бар варзишгари исландӣ ғолиб омада, вале дар даври баъдӣ аз Чоканаи Ласло шикаст хӯрд. Фарҳод Раҳимов дар қувваозмоии нахуст аз рӯи имтиёз рақобатро бар варзишгари Маҷористон (Вегрия) Саболс Крисан бохт.

Акнун танҳо Комроншоҳи Устопириён (вазни то 90 кило), Саидҷалол Саидов (то 100 кило) ва Муҳаммадмурод Абдураҳимов (зиёда аз 100 кило) барои тими мунтахаби Тоҷикистон имкони медал ба даст оварданро доранд.

Имрӯз Компоншоҳи Устопириён бо гуштигири Чин Чен Хунгзао ба қувваозмоиҳои худ дар ин мусобиқа шурӯъ мекунад.

Дар ин мусобиқа 729 гуштигир (432 мард ва 297 зан) аз 120 кишвари ҷаҳон барои 14 маҷмӯи медалҳо дар сабқати инфиродӣ байни мардону занон, инчунин барои ду маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаӣ мубориза мебаранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.