Ҷоизаҳои молӣ ба Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева

Имрӯз дар Душанбе, дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими супурдани ҷоизаҳои молӣ ба ситораҳои варзиши тоҷик Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва ба варзишгари ҷавон Шоира Зулқарнаева баргузор шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти КМО Тоҷикистон, дар ин маросим Акбар Ғуломов, раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ғаюр” – сарпарасти куллии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – ба […]



Имрӯз дар Душанбе, дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими супурдани ҷоизаҳои молӣ ба ситораҳои варзиши тоҷик Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва ба варзишгари ҷавон Шоира Зулқарнаева баргузор шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти КМО Тоҷикистон, дар ин маросим Акбар Ғуломов, раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ғаюр” – сарпарасти куллии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – ба Дилшод Назаров барои гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 ҷоизапулӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ тақдим кард.

Гуфта мешавад, Баҳрулло Раҷабалиев ба Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева ҷоизаҳои молии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро супурд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 28-уми август дар Кохи миллат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаровро, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ дар Пекин медали нуқра ба даст овардааст, бо ордени Шараф дараҷаи 2  мукофотонид.

Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева барои дастовардҳои варзишиашон дар мусобиқоти байналмилалӣ, инчунин бо Ҷоизаи молии президенти Тоҷикистон низ сарфароз хоҳанд шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.