Дабири кулли КМО Тоҷикистон бо ордени Кумитаи олимпии Осиё қадрдонӣ шуд

Рӯзи 15 сентябр дар Ашқобод иҷлосияи 34-уми Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё – мақоми олии раҳбарии ин Шӯро ба кор шурӯъ кард. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласае, ки дар шаҳраки олимпии шаҳри Ашқобод ҷараён дорад, намояндагони Кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои Осиё ва Океания, роҳбарони Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ва […]



Рӯзи 15 сентябр дар Ашқобод иҷлосияи 34-уми Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё – мақоми олии раҳбарии ин Шӯро ба кор шурӯъ кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласае, ки дар шаҳраки олимпии шаҳри Ашқобод ҷараён дорад, намояндагони Кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои Осиё ва Океания, роҳбарони Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё иштирок доранд. Дар доираи ин чорабинӣ ҳамчунин баргузории ҷаласаҳои Кумитаҳои иҷроия ва молияи Шӯрои олимпии Осиё низ дар назар аст.

Иҷлосия таҳти раёсати роҳбари Шӯрои олимпии Осиё шайх Аҳмад ас-Саат-Сабоҳ мегузарад ва дар кори он президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов иштирок кард.

Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ дабири кулии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Баҳрулло Раҷабалиев намояндагӣ мекунад.

Дар маросими ифтитоҳи иҷлосия президенти Туркманистон, намояндаи Кумитаи олимпии Кореяи Шимолӣ ва дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо ордени Кумитаи олимпии Осиё мукофотонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки қаблан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ бо чунин орден қадрдонӣ шуда буд. Баҳрулло Раҷабалиев шаҳрванди дуюми Тоҷикистон аст, ки ба гирифтани ордени Кумитаи олимпии Осиё шарафёб гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.