Пайомади сели шадид дар ноҳияи Ашт (чандрасонаӣ)

Сокини ҷамоати деҳоти Понғоз Наимҷон Тошматов мегӯяд, ки тақрибан соати 15 аз омадани сел бохабар шуда, мардумро саривақт огоҳ кардааст. Ӯ корманди хоҷагии ҷангали ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев буда, аснои ҳаракаташ ба самти кӯҳсор фуромадани селро дидааст. Вай нақлашро чунин идома дод: «Аз тирезаи мошин сарамро бароварда, фақат ба тарафи мардум фарёд задам, ки биравед, […]

Ҳаётҷони ОДИЛ, Парвиз ТУРСУНЗОДА, махсус барои ASIA-Plus

Сокини ҷамоати деҳоти Понғоз Наимҷон Тошматов мегӯяд, ки тақрибан соати 15 аз омадани сел бохабар шуда, мардумро саривақт огоҳ кардааст. Ӯ корманди хоҷагии ҷангали ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев буда, аснои ҳаракаташ ба самти кӯҳсор фуромадани селро дидааст. Вай нақлашро чунин идома дод: «Аз тирезаи мошин сарамро бароварда, фақат ба тарафи мардум фарёд задам, ки биравед, дамба задагӣ, оби калон меояд. Баъд ба маркази Понғоз омада, ба мардум гуфтем. Дар ин ҷо рӯзи панҷшанбе қариб бозор мешавад, ки мардум тармеваю дигар чизҳояшонро ин ҷо гузошта буданд. Ба онҳо гуфтем, ки ҳамаи боратонро гиред. Мардум бовар накарданд, лекин 2-3 нафар ба мо ҳамроҳ шуда, бо дастгирии онҳо мардумро дуртар бурдем. Баъд аз 18-20 дақиқаи ман омадан сели калон расид, баландии лойобааш 2-3 метр, бо шоху дарахтони решакан».

https://www.youtube.com/watch?v=duGkUMKwzDo

Ба гуфтаи сокини дигари ин деҳа Шаҳноза Воҳидова , дар натиҷаи тамба шудани мошини боркаши «Зил» ба кӯпруки назди бинои ҷамоат, лойоба аз ду тарафи сой баромада, маркази ҷамоатро вайрон кардааст. Ин бону, ки шоҳиди бевоситаи офати табиист, ҳангоми суҳбат ба мо чунин гуфт: «Фаромади сел ҳамин хел буд, ки гӯё ба даруни равған суманакро мерезед, лойоба мисли ҳамон ҷӯшида, балақ-балақ мебаромад. Пеши хонаи мо як садаи калон буд, онро пӯшонид. Хонаи ман, ки дар назди сой аст, аз шиддати сел меларзид. Ман бачаҳоямро ба оғӯш гирифта, аз тарс дилам қариб аз кор монд, дилкасал шудам».

Тибқи маълумоти пешакии Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Ашт, дар натиҷаи омадани сел 10-15 километр роҳҳои нақлиётии деҳоти Понғоз ва Ашт, наздик ба 10 автомашина, 1 чойхонаи маркази ҷамоат ва 3-4 манзилу фурӯшгоҳ, ҳамчунин теъдоде аз симчӯбҳои хатти барқ хароб шуданд.

Комиссияҳои ноҳиявӣ оид ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ айни замон дар маҳалли ҳодиса машғули кор буда, ҳаҷми умумии хисорот муайян карда мешавад.

 

Ҳангоми рафтан ба минтақаи сел мушоҳида кардем, ки ду тарафи канори сойи ҷамоати деҳоти Понғоз тақрибан ним метр аз лой пур шудааст. Ин ҳолат ҳаракати нақлиётро маҳдуд карда, боиси тамбашавии мошинҳо гардидааст. Зимни боздид маълум шуд, ки бар асари афтодани симчӯбҳо бошандагони маҳаллаи Шаххак ва Шоҳанбарӣ бе қувваи барқ монданд. Алҳол барои бартараф кардани оқибатҳои сел якчанд нақлиёти махсус дар ин ҷамоат кор мебарад.

 

Ҳамон рӯз дар деҳаи Ашт низ тақрибан соати 16 аз кӯҳи Бобои об сели шадид омада, шумораи зиёди чорвою автомашинаҳои сабукравро бо худ овардааст. Ба гуфтаи Абдурашид Қурбонов , раиси ҷамоати деҳоти Ашт, дар натиҷаи сел як пули калон ва чанд кӯпруки одамгузар вайрон шудааст. Пули калоне, ки Ашти поёнро ба 4 деҳаи дигар – Ашти боло, Пискокат, Бобоқир ва Обиашт мепайваст, комилан хароб гардидааст.

 

Ёдовар мешавем, ки 40 рӯз пеш ҳам дар ин мавзеъ чунин сели шадид омада буд, ки бар асари он 55 кӯпруки хурду бузург ва 12 километр роҳ пурра вайрон шуд. Дар умум ба хоҷагии халқи ҷамоати деҳоти Ашт ба маблағи зиёда аз 2 миллиону 650 ҳазор сомонӣ зарар расид. Ин хисорот аз ҷониби ҳукумати ноҳия, корхонаву ташкилотҳои гуногун ва соҳибкорон барқарор карда шуд.

Аммо ҳангоми боздиди мо аз ҷойи офатзада маълум шуд, ки бо омадани сели ахир тамоми роҳу пулҳои барқароршуда дубора хароб гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.