Ҳалокати сардори фурудгоҳи Хоруғ зимни гусели президент

Сардори фурудгоҳи шаҳри Хоруғ Дилдор Мақсудшоеви 60-сола нимаи дуюми рӯзи 13 сентябр ҳангоми гусели Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Дарвоз ба Душанбе ҷароҳат бардошта, ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ ШВКД ноҳияи Дарвоз хабар дод. Ҳангоми боло шудани чархбол ӯ дар масофаи хеле наздик ба он қарор дошта, шамоли сахти […]

Сардори фурудгоҳи шаҳри Хоруғ Дилдор Мақсудшоеви 60-сола нимаи дуюми рӯзи 13 сентябр ҳангоми гусели Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Дарвоз ба Душанбе ҷароҳат бардошта, ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ ШВКД ноҳияи Дарвоз хабар дод.

Ҳангоми боло шудани чархбол ӯ дар масофаи хеле наздик ба он қарор дошта, шамоли сахти парраҳои чархбол ӯро ба гилем мепечонад. Сипас ин шамол гилемро ҳамроҳ бо сардори фурудгоҳ ба болои санги калони паҳлӯ меафканад. Аз ҷароҳатҳои бархӯрд ба санг Дилдор Мақсудшоев дар роҳ ба бемористон фавтид.

Мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ ин воқеаро як тасодуф ё худ ҳодисаи нохуш арзёбӣ мекунанд.

Имрӯз дар шаҳри Хоруғ маросими дафни Дилдор Мақсудшоев дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.