Ифтитоҳи Маркази нави хизматгузории Бонки байналмилалии Тоҷикистон

Ба муносибати ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолият ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» дар ноҳияи Шоҳмансури поойтахт (кӯч. Н.Муҳаммад 8/1) Маркази нави хизматгузорӣ боз намуд. Маркази нави бонк дар макони серодам ва қулайи шаҳр ҷойгир шуда, бо тамоми таҷҳизоти хизматгузории фаврӣ ва хушсифати мизоҷон таъмин шудааст. Маросими ифтитоҳи маркази нав бо иштироки раҳбарияти Бонк доир гардида, онҳо чунин […]

Ба муносибати ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолият ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» дар ноҳияи Шоҳмансури поойтахт (кӯч. Н.Муҳаммад 8/1) Маркази нави хизматгузорӣ боз намуд.

Маркази нави бонк дар макони серодам ва қулайи шаҳр ҷойгир шуда, бо тамоми таҷҳизоти хизматгузории фаврӣ ва хушсифати мизоҷон таъмин шудааст.

Маросими ифтитоҳи маркази нав бо иштироки раҳбарияти Бонк доир гардида, онҳо чунин иқдоми зарурӣ ва муҳимро ҳам барои Бонк ва ҳам барои сокинони ин ноҳия таъкид доштанд.

Дар Маркази нави хизматгузорӣ мутахассисони ҷавону аллакай аз таҷрибаи корӣ хуб бархӯрдор ба фаъолият пардохтанд. Ифтитоҳи ҳар кадоме аз марказҳои нав ҷойҳои нави корӣ буда, то ба имрӯз Бонки байналмилалии Тоҷикистон беш аз 200 нафарро бо ҷойҳои корӣ таъмин кардааст.

Мизоҷони бонк аз хизматгузориҳои бонкии ин марказ, аз қабили интиқоли маблағҳо, мубодилаи асъор, дастрас кардани қарз, хизматгузорӣ ба амонатҳо, амалиёт бо кортҳо ва ғайра бароҳат истифода бурда метавонанд.

Қобили зикр аст, ки ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» 29 феврали соли 2016 аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома дастрас кард. Бонк дар заминаи ҶДММ ТҚХ «Стандарт молия» таъсис дода шуд.

Бонк иштирокчии фаъоли бозори хизматгузориҳои бонкии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамаи амалиёти бонкиро анҷом медиҳад. Шабакаи филиалҳои Бонки байналмилалии Тоҷикистон аз Дафтари кории асосӣ, чор филиал ва шаш маркази хизматгузориҳои бонкӣ дар Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Турсунзода ва Шаҳринав иборат аст.

Осонӣ, шаффофият ва эътимоднокӣ сармашқи фаъолияти Бонки байналмилалии Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.