Жээнбеков ба Отамбоев унвони «Қаҳрамони Қирғизистон»-ро медиҳад

Президенти тозаинтихоби Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков савганд ёд кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, раиси Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон Нурҷон Шайлдабекова ба Ҷээнбеков шаҳодатнома ва нишони президентии кишварашро тақдим кард. Қобили зикр аст, ки Сооронбой Ҷээнбеков дар интихоботи президентии Қирғизистон, ки 15 октябр баргузор шуд, бо ба даст овардани беш аз […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти тозаинтихоби Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков савганд ёд кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, раиси Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон Нурҷон Шайлдабекова ба Ҷээнбеков шаҳодатнома ва нишони президентии кишварашро тақдим кард.

Қобили зикр аст, ки Сооронбой Ҷээнбеков дар интихоботи президентии Қирғизистон, ки 15 октябр баргузор шуд, бо ба даст овардани беш аз 54%-и раъй баранда эълом шуд.

Гуфта мешавад, Ҷээнбеков ҳангоми суханронӣ дар маросими савгандёдкунӣ ба Алмосбек Отамбоев миннатдорӣ баён карда, гуфт, дар нахустин фармони худ ӯро бо унвони "Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон" ва ордени "Оқ-Шумқор" қадрдонӣ хоҳад кард.

Вай изҳор доштааст, ки ҷонибдори низоми порлумонӣ дар Қирғизистон аст ва роҳеро идома хоҳад дод, ки Отамбоев оғоз кардааст. Дар охир президенти пешин Отамбоев ба президенти нави Қирғизистон дуо дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.