Тавсияи созиши Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи нерӯгоҳи Роғун

Дар таҳқиқоти муштараки Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ ва ширкати ADELPHI гуфта мешавад, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон бар асари маҳдуд будани ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии дарёҳои фаромарзӣ печида боқӣ мемонанд. Гуфта мешавад, «ин ҳолат бахусус дар мавқеи кишварҳо дар масъалаи сохтмони сарбанди пешниҳодшудаи нерӯгоҳи Роғун баръала ба мушоҳида мерасад». «Бо вуҷуди нисбатан гармтар шудани муносибатҳо […]

Дар таҳқиқоти муштараки Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ ва ширкати ADELPHI гуфта мешавад, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон бар асари маҳдуд будани ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии дарёҳои фаромарзӣ печида боқӣ мемонанд.

Гуфта мешавад, «ин ҳолат бахусус дар мавқеи кишварҳо дар масъалаи сохтмони сарбанди пешниҳодшудаи нерӯгоҳи Роғун баръала ба мушоҳида мерасад».

«Бо вуҷуди нисбатан гармтар шудани муносибатҳо баъди сари мансаби Президенти Ӯзбекистон омадани Шавкат Мирзиёев, зимни баррасии ин масъала ҷонибҳо бояд далелҳои коҳиши маҷрои оби воридмешуда ба Ӯзбекистон ва дигар масъалаҳои аз ҷониби Ӯзбекистон матраҳшударо ба инобат гиранд», – таъкид мешавад дар таҳқиқот.

Муаллифони таҳқиқот бар ин назаранд, ки «дарёфти қарори қобили қабул ба манфиати ҳарду тараф буда, исрорварзӣ дар мавқеъҳои номуносиб барои ҳамдигар натанҳо барои як ҷониб, балки барои ҳарду ҷониб ҳам зиёновар буда метавонад».

Дар таҳқиқот ба Тоҷикистони «аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990 осебдида ва суботи сиёсиаш ноустувор боқимонда» муаллифони таҳқиқот роҳандозии муносибатҳои хуб бо кишварҳои ҳамсояро тавсия медиҳанд.

Лозим ба ёдоварист, ки қариб як сол пеш Эмомалӣ Раҳмон якуним соат савори булдозер бо пеш кардани сангу шағал дар иваз кардани маҷрои дарёи Вахш саҳм гузошт.

Қобили зикр аст, ки ширкати итолиёвии Salini Impregilo муддати 13 сол сохтмони нерӯгоҳи Роғунро пурра ба анҷом мерасонад. Барои иҷрои ин корҳо ба ширкат 3,9 млрд. доллари ИМА маблағ дода мешавад.

Дар маҷаллаи ширкат дар ин робита зикр шудааст, ки барои амалисозии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун солҳои зиёд лозим буда, ширкат аллакай корҳои бунёди сарбандиву гиливу хокии нерӯгоҳ бо баландии 335 метрро оғоз кардааст ва барои сохтмони иншооти мазкур 1,95 млрд. доллари ИМА равона мегардад.

Дар Salini Impregilo таъкид месозанд, ки барои комилан амалисозии лоиҳа, яъне ба истифода додани ҳамаи 6 агрегати нерӯгоҳ, аллакай соли 2018 истеҳсоли нерӯи барқ дар ду агрегат ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамин тариқ, аз ҳисоби фурӯши нерӯи барқи истеҳсолшуда аз ин ду агрегат сохтмони минбаъдаи нерӯгоҳ идома ёфта, барои анҷоми пурраи сохтмони нерӯгоҳ 13 сол вақт зарур аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.