Кори хайр кун – маҷмӯа бихар. Маҷмӯаи сурудҳои алла ба ёдбуди Умаралӣ

Як гурӯҳи ташаббускор ба хотири ёдбуди тифли 5-моҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров, ки моҳи октябри соли 2015 дар шаҳри Санкт-Петербург ҳалок шуда буд, маҷмӯаи «Сурудҳои алла барои Умаралӣ»-ро бо забони русӣ ва тоҷикӣ чоп кард. Қисмате аз нусхаҳои китоб тариқи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ҷумҳурӣ фиристода шуд. Ба гуфтаи роҳбари гурӯҳи ташббускори нащри китобча Олга […]

Як гурӯҳи ташаббускор ба хотири ёдбуди тифли 5-моҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров, ки моҳи октябри соли 2015 дар шаҳри Санкт-Петербург ҳалок шуда буд, маҷмӯаи «Сурудҳои алла барои Умаралӣ»-ро бо забони русӣ ва тоҷикӣ чоп кард. Қисмате аз нусхаҳои китоб тариқи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ҷумҳурӣ фиристода шуд.

Ба гуфтаи роҳбари гурӯҳи ташббускори нащри китобча Олга Кушлина, теъдоди нашри маҷмӯа начандон зиёд, ҳамагӣ 500 нусха буда, қисмати зиёдашро аллакай худи русиягиҳо харидорӣ кардаанд.

«Нусхаҳои ҷудогона ҳамчунин ба кишварҳои гуногуни Аврупо, ки дар онҳо одамон ба тақдири тифли тоҷик бетараф нестанд, фиристода шуд. Акнун китобча то Душанбе ҳам расид, онро миёни ҳамаи хоҳишмандон паҳн кунед», – навишт Олга ба «Азия-Плюс» ва дархост кард, ки дар мавриди фурӯши маҷмӯа як аксия ташкил карда, пулҳои аз он бадастомадаро ба Заррина Юнусова, модари Умаралӣ диҳем.

Ҳамчунин ӯ таъкид дошт, ки китобчаро метавон дар Душанбе ҳам такроран ба нашр расонид. «Агар дар Душанбе сарпарастон пайдо шаванд ё кадом як матбаа хоҳиши чопи онро дошта бошад, мо ба пешниҳоди тарҳ (макет)-и тайёри маҷмӯа омодаем. Бо истифода аз ин китобча натанҳо азёд кардани шеърҳо, балки омӯзиши забони русӣ ё баракс забони тоҷикӣ низ имкон дорад», – қайд кард Кушлина.

Идораи «Азия-Плюс» шумораи маҳдуди «Сурудҳои алла барои Умаралӣ»-ро дар ихтиёр дорад. Хоҳишмандоне, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ доранд, метавонанд бо телефонҳои 2217220 ва 446007110 ё тариқи  почтаи электронӣ : [email protected]   муроҷиат кунанд.

Мо тасмим гирифтем, ки ба маҷмӯа нархи мушаххас нагузорем, ҳар яке бо нархи таъинкардаи худ онро харида метавонад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.