Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Рӯзҳои 19-20 декабр дар доираи Барномаи «Мусоидат ба давлатдории ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» дар Душанбе нахустин тренинг доир мегардад; – Аз 18 то 20 декабр дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти унвони «Истеҳсоли Чин» намоишгоҳ баргузор мешавад. Вақти кори намоишгоҳ – аз соати 9 то 17:00. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба […]

АНОНС

– Рӯзҳои 19-20 декабр дар доираи Барномаи «Мусоидат ба давлатдории ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» дар Душанбе нахустин тренинг доир мегардад;

– Аз 18 то 20 декабр дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти унвони «Истеҳсоли Чин» намоишгоҳ баргузор мешавад. Вақти кори намоишгоҳ – аз соати 9 то 17:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8183 сомонӣ;

1 евро – 10.4003 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1502 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1979 — Агрегати охирини нерӯгоҳи барқи обии Норак ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ кард. Нерӯгоҳ зиёда аз як сол пеш бо иқтидори пурра ба истифода дода шуд.

1992 — Дар заминаи воҳидҳои Фронти халқӣ ва дигар қисмҳои мусаллаҳи ҷонибдори ҳукумат Қувваҳои Мусалаҳи Тоҷикистон таъсис дода шуд.

2003 – Дафтари кории душанбегии намояндагии созмони байнулмилалии башардӯстонаи «Табибони бидуни марз» дар Тоҷикистон баста шуд.

2010 — Хадамоти махсуси Афғонистон дар шимоли ин кишвар 7 нафар маҳбусони фирории рӯзи 23 август  аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистонро боздошт намуданд.

1918 – Зодрӯзи актрисаи театру кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова.

1927 – Мавлуди адабиётшинос, мунаққид, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон ва Русия Шавкат Ниёзӣ. Муҳаққиқи эҷодиёти шоирони тоҷик дар замони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945.

1941 – Зодрӯзи оҳангсоз Аъзам Солеҳов.

1954 – Мавлуди нависанда ва журналист Мансур Суруш.

1955 – Зодрӯзи доктори улуми техникӣ Ҳайдар Одинаев.

1956 – Мавлуди арбоби шоиста Саёҳат Неъматова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ (боришот (борону барф), баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона 0+5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +8+13.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1-6, рӯзона +3+8; дар шарқ шабона -15-20, рӯзона -3-8.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ (боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона -1+4.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +14+16.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +5+7.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.