Дастоварди паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо

Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки 14-15 апрел дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир гардид, 5 медал ба даст оварданд. Дар мусобиқа 172 варзишгар аз 7 давлат ширкат карданд. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар вазни -60 кг намояндаи Тоҷикистон Қувватов […]

Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки 14-15 апрел дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир гардид, 5 медал ба даст оварданд. Дар мусобиқа 172 варзишгар аз 7 давлат ширкат карданд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар вазни -60 кг намояндаи Тоҷикистон Қувватов Муҳаммадризо сазовори медали тилло шудааст.

Гуфта мешавад, Шоҳида Қаландарова дар вазни -57 кг миёни бонувон ва Шарифҷон Қурбонов дар вазни -55 кг миёни писарон медали нуқра ба даст оварданд. Разиаллоҳ Лоиқов дар вазни -66 кг ва Давлаталӣ Назаралиев дар вазни -55 кг сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки акнун варзишгарони ҷавони кишвар ба Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон, ки 10-13 майи соли равон дар шаҳри Бейрути Лубнон доир мешавад, омодагӣ мебинанд. Барои иштирок дар чемпионат аз ҷумҳурии мо 11 нафар миёни наврасон ва 11 нафар миёни ҷавонон сабти ном шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.